Корбарони “Х” хитоб ба Трамп: Эронро не, амрикоиҳоро наҷот деҳ
-
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико
Порс-Тудей. Корбарони шабакаи иҷтимоии “Х” иддаои Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико барои наҷоти мардумони Эронро сужа карданд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба тозагӣ дар паёме дар шабакаи иҷтимоии “Трус Сушол” навишт: Агар нерӯҳои амниятии Эрон муътаризони мусолиматомезро ҳадаф қарор диҳанд, Иёлоти Муттаҳида омода барои иқдом аст.
Ин иддаои Трамп бо вокуниши корбарони шабакаи иҷтимоии “Х” рӯбарӯ шуд, ки дар ин матлаб аз “Порс-Тудей” ба он нигоҳе андохта шудааст.
Сумит Роҷ, корбари шабакаи иҷтимоии “Х” ҳадафи Трамп аз ин иддаоро тавзеҳ дод. Ӯ навишт: «Ҳадафи Амрико наҷот нест, ҳадафи Амрико нафт ва гази Эрон аст».
Корбари дигар ба номи Блек аз Эрон хост, Амрикоро аз шарри тирпарониҳо дар мактабҳо халос кунад. Ӯ навишт: «Чаро Трамп дар ҳама мавзӯот дахолат мекунад. Ин Эрон аст, ки бояд Амрикоро аз шарри тирпарониҳо дар мактабҳо халос кунад».
Сайидмуҳаммади Марандӣ, корбари эронии шабакаи “Х” низ навишт: «Режими Амрико барои ин ки битавонад қатл ва ғорат кунад, дар бораи ҳама чиз дурӯғ мегӯяд. Амрико шайтони бузург аст».
Ҳойдо, дигар корбари шабакаи иҷтимоии “Х” ҳам дар паёме ба ҳамдастии Трамп дар наслкушии мардумони Ғазза тавассути режими саҳюнистӣ ишора кард. Ӯ навишт: «Оё Трамп то ба ҳол барои наҷоти ғайринизомиён ва кӯдакони бегуноҳи кушташуда дар Ғазза коре кардааст, не! Ӯ ҳамдасти наслкушӣ аст ва ҳамчунон Исроилро мусаллаҳ мекунад».
Фаъоли шабакаи иҷтимоии “Х” ба номи Маниш Даби низ ба ҳамлаи Амрико ба Венесуэла пардохт. Ӯ навишт: «Иддаои Трамп барои кӯмак ба мардумони Эрон дар ҳолест, ки Амрико бо Венесуэла даргир аст ва раиси ҷумҳури қонунии ин кишварро рабудааст».
Майнд Палс, корбари дигари “Х” изҳороти Трамп дар бораи Эронро таҳдиди ошкор унвон кард. Ӯ навишт: «Ин мавзуъ наҷоти муътаризон нест. Ин мавзуъ ҳифзи ҳаққи мудохилаи Амрико аст. Забон амдан мубҳам, омил муҳаррики номушаххас ва таҳдиди сареҳ аст. "Ҳуқуқи башар" баҳона аст».
Абуҳантер, корбари дигаре буд, ки навишт: «Амрико бояд аввал аз ҳама ба мардумони худ расидагӣ кунад. Чаро ногаҳон ин ҳама ҳамдардӣ барои мардумони Эрон? Ин миллати онҳост, қонуни онҳост, онҳо (эрониҳо) ба ин мавзуъ расидагӣ хоҳанд кард. Ин ба маънои як ҷанги дигар барои шайтон аст».
Дар ҳамин замина Оукс Намбер навишт: «Чаро ин мардак ҳамеша мехоҳад дар умури кишварҳои дигар дахолат кунад? Ӯ худаш мардуме надорад, ки ба онҳо расидагӣ кунад?»