Таъкиди Покистону Эрон бар афзоиши ҳаҷми тиҷорати муштарак
-
Сенатор Muhammad Aurangzeb, вазири дороӣ ва даромадҳои миллии Покистон ва Саидалии Маданизода, вазири умӯри иқтисодӣ ва дороии Эрон
Порс Тудей – Дар дидори вазирони иқтисоди Эрону Покистон тарафайн бар афзоиши ҳаҷми тиҷорати муштарак таъкид карданд.
Ба гузориши Порс Тудей, вузарои умӯри иқтисодӣ ва дороии Эрону Покистон рӯзи 8 феврал дар дидоре дар ҳошияи иҷлоси бозорҳои навзуҳӯр дар Арабистони Саудӣ бар тааҳҳуди мутақобил барои тасҳили ҳамкориҳои иқтисодӣ ва афзоиши ҳаҷми тиҷорати муштарак таъкид карданд.
Равобити умумии вазорати дороии Покистон бо судӯри баёнияе эълом кард, ки сенатор Muhammad Aurangzeb, вазири дороӣ ва даромадҳои миллии ин кишвар дар ҳошияи иҷлоси бозорҳои навзуҳӯр ба мизбонии давлати Арабистон бо Саидалии Маданизода, вазири умӯри иқтисодӣ ва дороии Эрон дидор кард. Ин дидор бар тақвияти тиҷорату ҳамкориҳои иқтисодии дуҷониба байни Покистону Эрон мутамарказ буд.
Вузарои умӯри иқтисодӣ ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрону Покистон мутобиқ бо чашмандозу дастӯруламалҳои сарони Эрону Покистон бори дигар бар таъаҳҳуди муштараки худ барои афзоиши ҳаҷми тиҷорати дуҷониба таъкид карданд. Ин ду ҳамчунин хостори таъомули пойдор, тасҳили тиҷорату рафъи мавонеъ барои дастёбӣ ба манофеи муштарак шуданд. Вазири умури иқтисодӣ ва дороии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба чандин фурсати вижа барои сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ дар бозор бо ҳадафи таъмиқи равобити иқтисодӣ ва эҷоди натоиҷи сӯдманди мутақобил ишора кард, ки бо истиқболи вазири дороии Покистон ҳамроҳ шуд.
Ба назар мерасад, потансиелҳои мавҷӯд барои афзоиши сатҳи мубодилоти тиҷорӣ миёни Эрону Покистон бо ҳадафгузории тиҷорати 10 миллиард долларӣ, нишондиҳандаи азми ҷиддии ду кишвар барои баҳрабардорӣ аз ин зарфиятҳост.
Эрону Покистон ба унвони ду кишвари ҳамсоя бо марзҳои тӯлонӣ ва иштирокоти фарҳангӣ ва торихӣ фурсатҳои фаровоне барои тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодӣ доранд.
Яке аз муҳимтарин заминаҳо бахши энержӣ аст. Эрон бо бархӯрдорӣ аз манобеи азими нафт ва газ метавонад ниёзҳои энержии Покистонро таъмин кунад. Дар муқобил, Покистон бо рушди сареъи ҷамъияту тавсеаи саноатӣ бозори бузурге барои содироти энержии Эрон маҳсӯб мешавад. Ҳамкорӣ дар заминаи гази мойеъ, петрошимӣ ва барқ метавонад ба афзоиши ҳаҷми тиҷорати расмӣ кумак кунад ва аз қочоқу тиҷорати ғайрирасмӣ ҷилавгирӣ намояд.
Бахши кишоварзӣ низ аз дигар ҳавзаҳои калидии ҳамкорӣ аст. Эрон тавонмандии болое дар тавлиди маҳсӯлоти кишоварзӣ ва ғизоӣ дорад ва Покистон низ дар заминаи тавлиди биринҷ, меваҳои гармсерӣ ва маҳсӯлоти домӣ ҷойгоҳи вижае дорад. Табодули ин маҳсӯлот на танҳо ниёзҳои дохилии ду кишварро пӯшиш медиҳад, балки метавонад заминаи содироти муштарак ба бозорҳои солисро фароҳам оварад.
Саноати мукаммали ду кишвар низ зарфияти болое барои ҳамкорӣ доранд. Эрон дар ҳавзаи худрав, қатаъоти саноатӣ, маъдану сохтумон таҷрибаи тӯлонӣ дорад, дар ҳоле, ки Покистон дар саноеъи нассоҷӣ, пӯшок, таҷҳизоти пизишкӣ ва лавозими варзишӣ тавонманд аст. Таркиби ин зарфиятҳо метавонад мунҷар ба эҷоди пружаҳои муштараки саноатӣ ва афзоиши иштиғол дар ҳар ду кишвар шавад.
Аз манзари луҷистик ва ҳамлу нақл, наздикии ҷуғрофиёӣ ва вуҷӯди марзҳои заминӣ ва дарёӣ фурсати муҳимме барои коҳиши ҳазинаҳои тиҷорат фароҳам кардааст. Эҳёи хутути киштиронии мустақим миёни банодири Эрону Покистон ва тавсеаи бозорчаҳои марзӣ метавонад раванди мубодилотро тасҳил кунад. Ҳамчунин табодули электронии иттилооти гумрукӣ ва тавофуқномаҳои тиҷорати озод, аз ҷумлаи абзорҳои муҳим барои рафъи мавонеъи бюрократия ва суръатбахши ба фроянди содирот ва воридот ҳастанд.
Нақши бахши хусӯсӣ дар ин масир бисёр ҳаётӣ аст. Ҳамкории наздик миёни бахши хусӯсӣ ва дипломасии иқтисодӣ метавонад, матори муҳаррики таҳаққуқи табодулоти тиҷории 10 миллиард долларӣ бошад.
Дар ниҳоят, иродаи сиёсии сарони ду кишвару ҳимояти мустамар аз фаъолони иқтисодӣ заминасози убӯр аз чолишҳои мавҷӯд монанди маҳдӯдиятҳои молӣ ва қавонини дасту по гир хоҳад буд. Агар ин ирода бо барномарезии амалиётӣ ва сармоягузории муштарак ҳамроҳ шавад, дастёбӣ ба тиҷорати 10 миллиарддолларӣ на танҳо мумкин, балки нуқтаи оғози фасли ҷадиде дар равобити иқтисодии Эрон ва Покистон хоҳад буд.