Лижарони олимпии Амрико: Мо намояндаи Иёлоти муттаҳида нестем
-
Тасвири самти рост: Hunter Hess, лижарони олимпии Амрико тасвири самти чап: Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико
Порс Тудей - Ду лижарони Амрико дар мусобиқоти Олимпии зимистонӣ эҳсоси бадашон нисбат ба пӯшидани пероҳани ин тим баъд аз куштори мардуми ин кишвар тавассути давлати Трампро баён карданд.
Пас аз кушта шудан ду нафар ба дасти маъмурони идораи муҳоҷирату гумруки Амрико дар шаҳри Миннеаполис дар моҳи гузашта, эътирозҳои густарда дар саросари Амрико рух додааст ва ҳар касе ба навъе эътирози худро нишон медиҳад.
Ба гузориши Порс Тудей, Hunter Hess, лижарони олимпии Амрико дар нишаст матбӯотӣ дар Италия бо интиқод аз сиёсатҳои саркубгароёнаи Трамп гуфт: «Фақат ба ин далел, ки ман парчами Амрикоро ҳамл мекунам ба ин маъне нест, ки намояндаи ҳамачизи ин кишвар ҳастам».
Дар ҳамон нишаст, Крис Лиллис, дигар узви тими лижаи Амрико изҳор кард: «Бисёре аз вақтҳо, Варзишкорон дар суҳбат дар мавриди дидгоҳҳои сиёсӣ ва инки чӣ эҳсосе нисбат ба масоил доранд, мураддад ҳастанд. Ман аз ончӣ дар Иёлоти муттаҳида иттифоқ меафтад, дилшикастаам.»
Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ҳам натавонист хашми худро аз ин изҳорот пинҳон кунад ва гуфт: « Ҳантер Ҳесс, лижанори олимпии Амрико, як бозандаи воқеӣ аст. Ӯ мегуяд, дар олимпии зимистонии феълӣ намояндаи кишвараш нест. Агар ин тавр аст, аслан набояд дар тим ширкат мекард. Ҳайф, ки дар тим ҳузур дорад. Воқеан сахт аст, ки аз касе мисли ӯ ҳимоят кард.»