Бозтоби густардаи баёноти Раҳбари Инқилоби Исломӣ дар расонаҳои мухталифи ҷаҳон
-
Ҳазрати оятуллоҳ Саидалии Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ
Порс Тудей - Раҳбари инқилоби исломӣ бо ҳушдоре сариҳ ба Вашингтон таъкид карданд, ки бовуҷуди лаффозиҳои низомии Амрико, ин кишвар қодир ба нобудии Ҷумҳурии исломӣ набуда ва новҳои ҷангии мустақар дар минтақа бо силоҳи хатарнок мувоҷеҳ хоҳанд шуд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, баёноти рӯзи сешанбе ҳазрати оятуллоҳи Саидалии Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломӣ, дар дидор бо мардуми Озарбойҷони Шарқӣ, бозтоби густарда ва бесобиқае дар расонаҳои байналмилалӣ аз Покистон ва Русия гирифта то Чин, Туркия ва Фаронса доштааст. Эшон дар ин суханон, зимни посухи қотеъ ба таҳдидҳои мукаррари Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико, ба таҳлили нодурусти Вашингтон аз қудрати Ҷумҳурии Исломии Эрон пардохтанд. Расонаҳои ҷаҳон меҳварияти ин бозтобҳоро бар ҳушдори низомӣ бесобиқаи эшон дар бораи осебпазирии новгони дарёии Амрико ва таъкид бар ҳаққи мусаллами миллати Эрон барои дастёбӣ ба энержии сулҳомези ҳастаӣ мутамарказ кардаанд.
Бозтоби густарда дар расонаҳои осиёӣ ва аврупоӣ
Хабаргузории «Анатолия»-и Туркия бо титри «таъйини қаблии натиҷаи музокира аблаҳона аст» ба нақл аз раҳбари инқилоб исломӣ навишт, ки исрори Амрико бар натоиҷ аз пеши таъйин шуда дар музокироти ҳастаеӣ, бо мантиқи гуфтугу созгор нест. Рӯзномаи « Dawn»-и Покистон низ дар гузориши таҳлилӣ бо унвони «Амрико дар баробари Эрон муваффақ нахоҳад шуд» ба ташреҳи мавозеъи эшон дар қиболи фазои музокироту ҳушдор дар бораи ғарқ шудани новҳои амрикоӣ дар Халиҷи Форс пардохт.
Дар Русия, хабаргузории «Интерфакс» суханони раҳбари инқилоби исломиро пӯшиш дод ва навишт: «раҳбари Эрон эълом кард: Ҷумҳурии Исломии Эрон тавоноии ҳадаф қарор додану нобуд кардани шиноварҳои низомии Амрико дар минтақаро дорад.» Расонаи чинии «СҶТН » низ ин баёнотро посухе ба «лаффозиҳои ҷангталабона»-и Трамп тавсиф кард ва бар эътирофи 47 солаи Амрико ба нокомӣ дар баробари Эрон тамаркуз намуд. Рӯзномаи "Le Figaro" Фаронса низ дар титри худ ба сароҳат эълом кард: «Оятуллоҳ Хоманаӣ таҳдид кард, мумкин аст, нови ҳавопаймобари Амрико, ки дар Халиҷи Форс мустақараст ғарқ шавад.»
Мафоди ҳушдори роҳбурдӣ ва мавзеи усӯлии Ҷумҳурии Исломии Эрон
Матни паёми раҳбари инқилоби исломӣ ҳовии нукоти калидӣ ва роҳбурдӣ барои мухотабони байналмилалӣ буд. Эшон бо ишора ба эъзоми новҳои амрикоӣ ба минтақа гуфтанд: «Онҳо мегӯянд, нови ҳавопаймобар ба минтақа эъзом кардаанд. Нови ҳавопаймобар абзори муҳимме аст, аммо силоҳе, ки битавонад онро ба аъмоқи дарё бифиристад, хатарноктар аст. » Ин бахш аз суханон, ки дар расонаҳои Покистон, Русия ва Фаронса ба шакли густардае бознашр шуд, ба унвони намоише аз қудрати боздорандагӣ ва омодагии комили неруҳои мусаллаҳи Эрон таъбир гардид.
Интиқод аз рӯйкарди Вашингтон дар музокироти ҳастаӣ
Дар бахши дигаре аз ин баёнот, ки мавриди таваҷҷуҳи вижаи расонаҳои Туркия ва Чин қарор гирифт, раҳбари инқилоби исломӣ рӯйкарди Амрико дар қиболи музокироти ҳастаиро мавриди интиқод қарор доданд. Эшон таъкид карданд: «Агар бино шуд музокирае анҷом бигирад, таъйини натиҷаи он аз қабл, кори ғалат ва аблаҳона аст ва ин коре, ки давлату раисиҷумҳур ва баъзе аз сенаторҳои Амрико анҷом медиҳанд, барои онҳо бунбаст аст.» Ба гузориши шабакаи "Geo News"-и Покистон, эшон ҳамчунин тасреҳ карданд, ки раисиҷумҳури Амрико қодир ба шикасти Ҷумҳурии Исломии Эрон нахоҳад буд. Ин изҳорот дар шароите матраҳ мешавад, ки даври дувуми музокироти ғайримустақим миёни Теҳрон ва Вашингтон дар Женева баргузор шуд ва мақомоти эронӣ бар лузӯми лағви таҳримҳои иқтисодӣ ва парҳез аз дархостҳои ғайривоқеъӣ аз сӯи Амрико таъкид карданд.