Ибтикори 14 кишвар барои пешгири аз суистифода аз ҳаққи вето
-
Шурои амнияти Созмони Милал
Порс Тудей- 14 кишвар ба раҳбарии Мекзика ва Испания хостори маҳдудсозии истифода аз ҳаққи вето дар Шурои амнияти Созмони Милалли Муттаҳид шуданд.
Ба гузориши Порс Тудей, 14 кишвар ба раҳбарии Испания ва Мекзик бо имзои номаи расми хостори маҳдудсозии истифода аз ҳаққи вето дар шурои амни Созмони Милали Муттаҳид шуданд иқдоме, ки метавонад ба таври мустақим монеъ аз идомаи руйкардҳои якҷониба зидди Эрон шавад.
Ин кишварҳо дар номаи худ бар иҷрои муассири банди 3 аз модаи 27 маншури Созмони Милали Муттаҳид карданд банде, ки таъкид мекунад ҳар кишваре, ки дар як муноқиша ба таври мустақим даргир аст бояд аз рай додан дар шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид худдори кунад.
Ба асоси ин ибтикор дар сурати иҷрои дақиқи ин мода кишварҳое, ки дар даргириҳо нақши мустақим доранд аз ҷумла Амрико дар қиболи Эрон дигар қодир нахоҳанд буд бо истифода аз вето монеъи тасвиби қатъномаҳои шаванд, ки дар ростои тавақуфи таҷовуз ё маҳкумияти иқдомоти онҳо аст.
Ин нома, ки барои мақомоти аршади Созмони Милал аз ҷумла Антони Гутереш ирсол шуд ҳамчунин ба мавориди ахир ишора дорад, ки дар онҳо ваетои Амрико ва муттаҳидонаш монеъ аз иттихози мавозеъи мутавозен дар қиболи таҳавулоти минтақаӣ ба вижа дар иртибот бо Эрон, Лубнон ва Ғазза шуда аст.
Кишварҳои имзокунанди ин нома аз ҷумла Австрия, Булғористон, Гипверд, Истония, Кувайт, Лихтен Иштойн, Лукзомбург, Мекзика, Неревж, Исловонӣ, Испания, Шветсия, Шветсария ва Тимури Шарқи бо ёдовари маъмурияти аслии Созмони Милали Муттаҳид мабни бар ҳифзи сулҳ ва амнияти байналмиалӣ таъкид карданд, ки иҷрои ин банди мағфулмонда метавонад гоми муассир дар ҷиҳати бозгардондани идолат ва бетарафи ба созукори тасмимгирии ҷаҳонӣ бошад.