Тирандозӣ дар наздикии зиёфати хабарнигорони Кохи Сафед; Трамп маҷбур ба тарки маҳал шуд
-
Тирандозӣ дар наздикии зиёфати хабарнигорони Кохи Сафед
Порс Тудей- Сервиси махфии Амрико, Доналд Трамп раисиҷумҳури ин кишварро дар пайи тирандозӣ, бо аҷала аз маросими зиёфати хабарнигорони Кохи Сафед хориҷ кард.
Ба гузориши Порс Тудей, шунида шудани садои тирандозӣ, аввалин нишасти ғайрирасмии Доналд Трамп раисиҷумҳури Амрико бо хабарнигорон дар даврони ҷадиди раёсатҷумҳурияшро, ниматамом гузошт! Манобеи наздик ба Кохи Сафед, далели ниматамом мондани ин зиёфати шомро «шунида шудани садои шиллики 5 то 8 гулӯла» ва хатари амниятӣ эълом карданд.
Тасовири мунташиршуда нишон медиҳад, тими ҳифозати Трамп, ӯро ба суръат аз зиёфати шоми хабарнигорони Кохи Сафед хориҷ карданд.
Ба Трамп ва аъзои давлаташ осебе нарасида ва гуфта шуда яке аз маъмурони сервиси махфии Амрико дар ҷараёни тирандозӣ маҷрӯҳ шудааст.
Чандин мақоми аршади давлат аз ҷумла JD Vance муовини раисиҷумҳур, Marco Rubio вазири умури хориҷа ва Pete Hegseth вазири ҷанги Амрико низ дар ин маросим ҳузур доштанд.
«Ню Йорк Пост» ҳувияти омили тирандозӣ дар зиёфати шоми хабарнигорони Кохи Сафедро марди 31-сола ба номи Cole Tomas Allen аҳли Торренси иёлати Калифорния муаррифӣ кард.