Коҳиши маҳбубияти Трамп ва норизоятӣ аз ҷанги Амрико зидди Эрон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i124694-Коҳиши_маҳбубияти_Трамп_ва_норизоятӣ_аз_ҷанги_Амрико_зидди_Эрон
Порс Тудей - Бар асоси назарсанҷии ҷадиди Ройтерз/Ипсос, мизони маҳбубияти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба пойинтарин сатҳ дар давраи кунунии риёсатҷумҳурияш расидааст.
(last modified 2026-04-29T14:11:43+00:00 )
Апрел 29, 2026 19:02 Asia/Dushanbe
  • Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико
    Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико

Порс Тудей - Бар асоси назарсанҷии ҷадиди Ройтерз/Ипсос, мизони маҳбубияти Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико ба пойинтарин сатҳ дар давраи кунунии риёсатҷумҳурияш расидааст.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНО, бар асоси назарсанҷии Ройтерз/Ипсос, ки рӯзи сешанбе мунташир шуд, танҳо 34 дарсад аз амрикоиҳо амалкарди Доналд Трамп дар Кохи Сафедро таъйид мекунанд; ин дар ҳолест ки дар назарсанҷии қаблии Ройтерз/Ипсос, ки аз 15 то 20-и апрел анҷом шуд, маҳбубияти Трамп 36 дарсад буд.

Ҷойгоҳи Трамп дар назди мардуми Амрико аз замони оғоз ба кори вай дар январи 2025, замоне ки 47 дарсад аз амрикоиҳо ба ӯ раъй доданд, рӯ ба коҳиш будааст.

Маҳбубияти ӯ аз замони оғози ҷанги Амрико ва Исроил зидди Эрон дар 28-уми феврал низ, ки мунҷар ба афзоиши қимати бензин дар ин кишвар шуд, коҳиш ёфтааст.

Афзоиши нархҳо ба шиддат бар хонаводаҳои амрикоӣ фишор оварда ва нигарониҳоеро дар миёни ҷумҳурихоҳон эҷод кардааст.