Трамп ақибнишинӣ кард; тарҳи ба истилоҳ «Проекти Озодӣ» мутаваққиф шуд
-
Доналд Трамп
Порс Тудей — Доналд Трамп навишт, ки тарҳи мавсум ба «Проекти Озодӣ» барои убури киштиҳо аз Тангаи Ҳурмузро мутаваққиф кардааст.
Ба гузориши Порс Тудей, дар идомаи нокомииҳои Амрико дар мувоҷиҳа бо муъзали Тангаи Ҳурмуз, Доналд Трамп аз таваққуфи тарҳи мавсум ба «Проекти Озодӣ», ки ба истилоҳ барои убури киштиҳо аз Тангаи Ҳурмуз ба роҳ андохта буд, хабар дод.
Трамп, ки талош дошт ба навъе ба шикасти тарҳи худ рӯйпӯш бигузорад, бо сариҳам кардани иддаоҳои казби ҳамешагии худ навишт: «Бар асоси дархости Покистон ва дигар кишварҳо ва бо таваҷҷуҳ ба муваффақияти низомии чашмгире, ки тайи амалиёт алайҳи кишвари Эрон ба даст овардем ва ҳамчунин пешрафти бисёр хубе, ки ба самти як тавофуқи комил ва ниҳоӣ бо намояндагони Эрон ҳосил шудааст, мо ба тавофуқи мутақобил расидем, ки; муҳосира дар замони ҳозир бо тамоми қудрат ва асари худ боқӣ бимонад, аммо Проекти Озодӣ (ҳаракати киштиҳо аз тариқи Тангаи Ҳурмуз) барои муддати кутоҳе мутаваққиф шавад, то бубинем оё тавофуқ метавонад ниҳоӣ ва имзо шавад ё не».
Доналд Трамп ҳамчун бисёре аз иқдомоти худ, ки маъмулан бо ҳаёҳуи расонаӣ ва таблиғотӣ оғоз мешавад, тарҳи «Проекти Озодӣ»-ро низ аз субҳи рӯзи душанбе дар Тангаи Ҳурмуз ба иҷро гузошт, аммо ин тарҳ дар ҳамон соатҳои аввалия бо шиллики ҳушдори нерӯҳои мусаллаҳи Эрон мувоҷеҳ шуд ва тамомии киштиҳое, ки ба умеди ваъдаи Трамп қасди убур аз Тангаи Ҳурмузро доштанд, ба ақиб бозгаштанд.
Дар ин росто «Ню Йорк Таймс» рӯзи гузашта навишт: Киштиҳо бо ҳарфи Трамп аз Тангаи Ҳурмуз убур намекунанд ва ширкатҳо барои эъзоми киштиҳои худ ба Тангаи Ҳурмуз тардид доранд ва бархе мегӯянд пешниҳоди Амрико барои мутақоид кардани онҳо кофӣ нест.
Рӯзномаи «Телеграф» низ рӯзи гузашта, сешанбе, дар гузорише навишт: Киштиронии дунё барои убур аз Тангаи Ҳурмуз ба тарҳи Трамп эътимод накардааст. Ба навиштаи ин расона ҳатто бо эскорти низомӣ, бисёре аз моликони киштӣ ҳозир ба убур нестанд; зеро хатарҳои амалиётӣ ва ҳазинаҳои бима ҳамчунон болост ва то замоне ки таҳдиди Эрон коҳиш наёбад, бозгашти оддии тиҷорат аз ин масир баид ба назар мерасад.