Лавров: Эрон ҳаққи комили ғанисозии уран барои мақосиди сулҳомезро дорад
Май 18, 2026 18:05 Asia/Dushanbe
-
Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия
Порс Тудей — Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, ки Эрон ҳаққи комили ғанисозии уранро дорад.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз «Тасним», Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия рӯзи душанбе тайи нишасти хабарӣ дар бораи Эрон гуфт: «Эрон аз ҳаққи комили ғанисозии уран барои мақосиди сулҳомез бархӯрдор аст».
Лавров дар хусуси фази дуюми нерӯгоҳи атомии Бушеҳр афзуд: «Масъалаи нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр фақат ба Русия ва Эрон марбут мешавад, на ҳеҷ тарафи дигаре».
Вазири умури хориҷаи Русия ҳамчунин бар муваффақиятомез будани музокироти Эрон ва Амрико таъкид кард.
Барчасп