Вазири хориҷаи собиқи Австрия : Эрон акнун як қудрати бузурги ҷаҳонӣ аст
-
Карин Кнайсл-вазири хориҷаи собиқи Австрия
Порс тудей - Вазири хориҷаи собиқи Австрия дар изҳороте бо ишора ба ҷойгоҳи тамаддуни чандҳазорсолаи Эрон дар ҷаҳон , таъкид кард, ки Ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳоли ҳозир ба як қудрати бузурги ҷаҳонӣ табдил шудааст.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз ИРНА , Карин Кнайсл-вазири хориҷаи собиқи Австрия дар ҷараёни як мусоҳиба гуфт, ки Эрон акнун ба унвони нуқтаи қудрат дар ҷаҳони чандқутбӣ шинохта мешавад, ки муқовимати фавқулодае дар руёруӣ бо таҷовузи Иёлоти Муттаҳида аз худ нишон дод.
Вазири хориҷаи собиқи Австрия ҳамчунин таъкид кард, ки ҷойгоҳи нави Ҷумҳурии исломии Эрон дар муъодилоти ҷаҳонӣ Вашингтонро ваҳшатзада кардааст.
Кнайсл пештар дар изҳороте бо таъкид бар инки Амрико наметавонад иддао кунад, ки дар ҷанг бо Эрон ба пирӯзӣ расидааст , гуфта буд : Тамоми эътибори артиши Иёлоти Муттаҳида ба сурати ҷиддӣ дар маърази хатар қарор дорад.
Карин Кнайсл бо баёни инки талоши Амрикову режими саҳюнистӣ барои пирӯзӣ бар Эрон бо шикаст рубару шудааст , гуфт : Сохтори кишвар ва ниҳодҳои аслӣ дар Эрон бо вуҷуди ҳамлаҳои Амрико ва ( режим )-и Исроил побарҷо мондаанд.
Вай афзуд : Амрико дар ҳоле иддаои пирӯзии худ дар ҷанг алайҳи Эронро матраҳ мекунад, ки гулугоҳи Ҳурмуз ҳамчунон баста боқӣ монда ва ин мавзӯъ бар афзоиши баҳои ҷаҳонии энержӣ ва коҳиши ҳаҷми содироти кишварҳои минтақа таъсир гузоштааст.