Lindsey Graham, сенатори ҷангҷӯ ва тундрави зиддиэронии Конгресси Амрико мурд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125148-lindsey_graham_сенатори_ҷангҷӯ_ва_тундрави_зиддиэронии_Конгресси_Амрико_мурд
Порс Тудей - манобеи хабарӣ гузориш доданд: Lindsey Graham, сенатори зиддиэронӣ, ҷангҷӯ ва тундрави ҷумҳурихоҳи Амрико даргузашт.
(last modified 2026-07-12T08:45:01+00:00 )
Июл 12, 2026 13:40 Asia/Dushanbe
  • Lindsey Graham, сенатори Амрико
    Lindsey Graham, сенатори Амрико

Порс Тудей - манобеи хабарӣ гузориш доданд: Lindsey Graham, сенатори зиддиэронӣ, ҷангҷӯ ва тундрави ҷумҳурихоҳи Амрико даргузашт.

Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Форс, дафтари Lindsey Graham дар баёнияе эълон кард, ки дар шомгоҳи 11-уми июл, сенатори амрикоӣ Lindsey Graham ба далели бемории ногаҳонӣ мурдааст.

Graham, сенатори ҷумҳурихоҳи Каролинаи Ҷанубӣ, дар тӯли даврони фаъолияти сиёсии худ ҳамчун яке аз сарсахттарин сенаторҳои зиддиэронӣ дар Конгресси Амрико шинохта мешуд. Вай натанҳо аз ҳомиёни сарсахти хуруҷи Амрико аз Барҷом ва аъмоли фишори ҳаддиаксарӣ буд, балки борҳо таҳдид ба истифода аз гузинаи низомӣ алайҳи Эронро ба сароҳат матраҳ кард.

Сиёсати вай дар қиболи Теҳрон, омезае аз таҳримҳои фалаҷкунанда, таҳдиди низомии ошкор ва ҳимояти беқайду шарти ҳаргӯна иқдоми тахосумии Исроил алайҳи манофеи Эрон дар минтақа буд.

Дар ҳамин ҳол, Ben-Gvir, вазири амнияти дохилии режими саҳюнистӣ бо ибрози нороҳатӣ аз марги ин сенатори амрикоӣ гуфт: Имрӯз Исроил яке аз бузургтарин дӯстони худро аз даст дод.