Оғози 48-умин нишасти гурӯҳи кории Хазар дар Боку
48 -умин нишасти гурӯҳи кории таҳияи режими ҳуқуқии ҷадиди баҳри Хазар субҳи имрӯз дар Боку оғоз ба кор кард.
Иброҳими Раҳимпур, муовини вазири умури хориҷии Эрон дар умури Осиё ва Уқёнусия дар ин нишаст ширкат кард. Ин нишаст дар ҳолест, ки қарор аст, соли ҷорӣ панҷумин нишасти сарони кишварҳои соҳили Хазар дар Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шавад. Ба ҳамин далел кишварҳои соҳилӣ дар садад ҳастанд, дар ростои таҳияи Конвенсияи режими ҳуқуқии ҷадиди баҳри Хазар масоили боқимондаро ҳаллу фасл кунанд. Ин мавзӯот шомили масъалаи моҳипарварӣ, баҳрнавардӣ, таъйини хати марбут ба боло ва зери об, ки манобеи аслии Хазар дар он қарор гирифтааст, ҳамчунин масоили низомию амниятӣ, назири ҳаводиси ғайричашмдошт, ҳифозат аз муҳити зист, мавзӯоти иқтисодӣ, бандарҳои озод барои ҳамкории кишварҳои соҳилӣ аст.
Бо вуҷуди тавофуқи сарони панҷ кишвари соҳилӣ дар заминаи масоили мухталифи баҳри Хазар чанд мавзӯи муҳиме вуҷуд дорад, ки намояндагони панҷ кишвари соҳилӣ ҳамчунон дар бораи онҳо дар ҳоли музокира ва гуфтугӯ ҳастанд. Мақомҳои давлатҳои соҳилӣ таъкид кардаанд, ки ин санад миёни панҷ кишвар мебоист бар асоси сиёсати бурди ҷонибҳо танзиму таҳия шавад ва конвенсияи ниҳоӣ бояд ба нафъи ҳама панҷ кишвари соҳилӣ бошад. Шакке нест, ки ихтилофҳои давлатҳои соҳилии Хазар ва дастёбӣ ба асли иттифоқи ороъ амри ғайримумкин ва ҳалнашаванда нест.
Дар бораи лоиҳаи режими ҳуқуқии ҷадиди ин баҳр чанд монеаи умда вуҷуд дорад. Нахустин монеа ба тавофуқҳои ду ва сеҷонибаи Русия бо Қазоқистон, Ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, ки солҳои 1998-2003 миёни сарони се кишвар ба имзо расидааст, бармегардад. Ин тавофуқҳо асоси қонунӣ надоранд ва асли иттифоқи орои кишварҳои соҳили Хазарро зери суол мебаранд. Ин равандҳо мӯҷиби тӯлонӣ шудани гуфтугӯҳои марбут ба таҳияи ниҳоии режими ҳуқуқии баҳри Хазар шудаанд. Ба унвони мисол, Ҷумҳурии Озарбойҷон се ҳавзаи нафтии аслии баҳри Хазарро “Озарӣ”, “Чароғ” ва “Кепез” номгузорӣ карда, ба истихроҷи нафт аз ин се ҳавза машғул аст. Дар ҳоле ки Туркманистон ҳамин ҳавзаҳои нафтӣ ва газиро ба тартиби “Туркаманбошӣ”, “Усмон” ва “Сардор” номгузорӣ кардааст. Гузашта аз ин Туркманистон ба як чунин амалкарди Ҷумҳурии Озарбойҷон дар робита ба истифода аз манобеи нафту газ эътироз дорад. Ҷудо аз ин ихтилофҳо бояд гуфт, мавориди ихтилофи дигаре миёни кишварҳои соҳилӣ, аз ҷумла миёни Ҷумҳурии Озарбойҷону Русия, Қазоқистону Русия ихтилоф вуҷуд дорад. Ин ихтилофҳо умдатан дар заминаи наҳваи тақсими Хазар аст. Ба ҳамин далел ин тавофуқҳо мавриди пазириши соири давлатҳои соҳилӣ, яъне Эрон ва Туркманистон нест.
Воқеият он аст, ки талоши бархе аз кишварҳои соҳилӣ барои касби манофеи ҳарчи бештар аз баҳри Хазар мӯҷиб шудааст, ки ин даста аз кишварҳои соҳилӣ ба ройзанӣ ва гуфтугӯи маҳрамонаи пеш аз нишастҳои расмӣ тарғиб шаванд. Бадеҳист, ки ин раванд метавонад ба мушкилоти нишастҳои расмии оянда таъсири манфӣ расонад. Интизор меравад, нишасти Боку ба ҳалли ин масоил кӯмак мекунад, бавижа давлатҳои соҳилӣ худро барои нишасти ояндаи сарони Хазар дар Остона омода мекунанд.