Дастури омодабоши саросарӣ дар Ироқ
-
Алӣ Фолеҳ Зайдӣ-нахуствазири Ироқ
Порс тудей – Нахуствазир ва фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Ироқ дастури афзоиши сатҳи омодабош дар подгонҳоу пойгоҳҳои низомиро содир кард.
Ба гузориши Порс тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва Симо , Сабоҳ Нуъмон-сухангӯи фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳи Ироқ эълом кард : « Алӣ Фолеҳ Зайдӣ-нахуствазири Ироқ
ва фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳ дастур додааст, ки сатҳи омодабошу омодагии ҳамаи подгонҳову пойгоҳҳои низомии ин кишвар афзоиш ёбад.
Сабоҳ Нуъмон афзуд : Фармондеҳи кулли неруҳои мусаллаҳ ҳамчунин бар иҷрои тарҳҳои пешгиронаи иттилоотӣ барои хунсосозӣ ҳар гуна ҳамла ё нуфуз таъкид кардааст.
Сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Ироқ дар поён аз дастури Зайдӣ барои иҷрои фаврии барномаи таҷҳизу таслиҳи сомонаҳои радарӣ , шиносоии зӯдҳангом ва падофанди ҳавоӣ хабар дод .
Ин иқдомот пас аз ҳамалоти муштараки бомдоди чаҳоршанбеи Арабистону Амрико ба мавозиъи Шаҳд аш-Шаабӣ дар манотиқӣ аз Ироқ аз ҷумла устони Басра , Восит , Каркӯк ва Диёла сурат мегирад.
Ин ҳамалот ба баҳонаи ҳамалоти паҳподӣ ба таъсисоти нафтӣ дар шарқи Арабистон сурат гирифт , иддаое ки пештар муқовимати исломии Ироқ ҳар гуна ҳамла аз хоки Ироқ ба кишварҳои дигар аз ҷумлаи саъӯдиро рад карда буд.