Нахуствазири Малайзия: Истодагии Эрон дар баробари ҳамалоти Амрико қобили таҳсин аст
-
Анвар Иброҳим нахуствазири Малайзия
Порс Тудей- нахуствазири Малайзия дар изҳороти бо ишора ба истодагӣ ва азми Теҳрон дар муқобили ҳамалоти таҷовузкоронаи Амрико таъкид кард, ки истодагии Эрон дар баробари таҷовузи низомии Амрико қобили таҳсин аст.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз ИРНА, Анвар Иброҳим, нахуствазири Малайзия, дар мусоҳиба бо Ал-Ҷазира гуфт: Малайзия яке аз чанд кишварест, ки ҳамлаҳои низомиро ба Эрон ба таври возеҳ маҳкум кардааст.
Нахуствазири Малайзия таъкид кард: Пойдорӣ ва истодагарии Ҷумҳурии Исломии Эрон қобили таҳсин аст.
Дар қисмати дигари мусоҳиба, Анвар Иброҳим, бо ишора ба қатъномаи Парлумони Малайзия, ки таҷовузи низомиро ба Эрон маҳкум мекунад, гуфт: Мо дар ин маврид аз бисёр кишварҳои дигар пеш гузаштаем.