Ҳамлаи сойберӣ ба якчанд вазоратхонаҳои Олмон
https://parstoday.ir/tg/news/world-i125424-Ҳамлаи_сойберӣ_ба_якчанд_вазоратхонаҳои_Олмон
Порс Тудей - Дафтари сарвазири Олмон эълон кард, ки пас аз ҳамлаи сойберӣ, пайвасти якчанд Вазоратхона бо шабакаи IT-и ҳукумати Олмон қатъ шудааст ва муфаттишон барои пешгирӣ аз паҳншавии ҳамла ва муайян кардани шиддати он кор мекунанд.
(last modified 2026-08-18T09:11:52+00:00 )
Август 18, 2026 13:21 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи сойберӣ ба якчанд вазоратхонаҳои Олмон
    Ҳамлаи сойберӣ ба якчанд вазоратхонаҳои Олмон

Порс Тудей - Дафтари сарвазири Олмон эълон кард, ки пас аз ҳамлаи сойберӣ, пайвасти якчанд Вазоратхона бо шабакаи IT-и ҳукумати Олмон қатъ шудааст ва муфаттишон барои пешгирӣ аз паҳншавии ҳамла ва муайян кардани шиддати он кор мекунанд.

Бино ба иттилои Порс Тудей, ба нақл аз Ирно, Дафтари сарвазири Олмон рӯзи душанбе дар изҳороте эълон кард: "Тафтишот вайронкунии амниятро дар шабакаи ҳукумати Берлин ошкор кард. Ҳамаи ниҳодҳои дахлдор шабонарӯзӣ барои таъмини амнияти шабакаи ҳукумат кор мекунанд."

Ҳамчун чораи эҳтиётӣ, мақомоти Олмон якчанд вазоратхонаҳоро, аз ҷумла онҳоеро, ки масъули амалиёти иқлимӣ ва сохтмон ва манзил мебошанд, аз шабака ҷудо кардаанд. Мақомоти Олмон ҳанӯз маълумотро дар бораи халалдоршавии эҳтимолӣ дар фаъолияти ин вазоратхонаҳо, инчунин шахс ё гурӯҳе, ки масъули ҳамлаи сойберӣ аст, нашр накардаанд.

Додситонии Берлин, идораи пулиси ҷиноии Иёлот ва идораи Федералии амнияти иттилоот (BSI) ин ҳамларо тафтиш мекунанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад: "Амнияти шабакаи ҳукумати Олмон авлавияти асосӣ аст. Бо сабабҳои тафтишотӣ, дар айни замон пешниҳоди ягон маълумоти мушаххаси бештар дар бораи миқёс ё заминаи ҳодиса имконнопазир аст."

Шабакае, ки мавриди ҳамла қарор гирифт, бо номи "BeLa" маъруф аст ва як шабакаи нахи оптикии баландсуръати амн аст, ки тақрибан 600 муассисаи давлатӣ ва ҷамъиятиро дар саросари Олмон мепайвандад. Ин система аз ҷониби ITDZ Berlin идора карда мешавад.

Ҳамлаи сойберӣ дар пасманзари ҳушдорҳои такрорӣ дар бораи афзоиши таҳдидҳои сойберӣ ва таркибӣ, ки ба муассисаҳои давлатӣ, тиҷорат ва инфрасохтори муҳим нигаронида шудаанд, рух додааст.