Трамп сохти девор байни Амрико ва Мексикаро имзо кард
(last modified Thu, 26 Jan 2017 09:38:00 GMT )
Январ 26, 2017 14:38 Asia/Dushanbe
  • Трамп сохти девор байни Амрико ва Мексикаро имзо кард

Доналд Трамп-раисиҷумҳури ҷадиди Амрико, рӯзм чаҳоршанбе бо судури ҳукми вижае, тарҳи сохти девори марзӣ миёни кишвараш ва Мексика ва таъйин муқаррароти ҷадид барои ҷилавгирӣ аз вуруди бархе аз муҳоҷиронро имзо кард.

Ба гузориши ИРНА, сохти девор байни Амрико ва Мексика барои ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирон, яке аз ваъдаҳои аслии Трамп дар даврони таблиғоти интихоботӣ будааст.

Трамп бори дигар таъкид кард, ки давлати Мексика ҳазинаҳои марбут ба ин девори марзиро, ки қарор аст ба тӯли 3 ҳазору 200 километр миёни ду кишвар кашида шавад, қабул хоҳад кард.

Раисиҷумҳури Амрико бидуни ишора ба ҷузиёте дар ин замина иддао кард, ки қодир хоҳад буд, ин ҳазинаҳоро аз маҳалли мубодилоти молӣ бо кишвари Мексика таъмин кунад.

Трамп ин иддаоро дар ҳоле матраҳ карда, ки Энрике Пеня Нето, раиси ҷумҳури Мексика бо ибрози таассуф аз ин иқдоми Трамп гуфт, Мексика ҳеҷ ҳазинае барои сохти девори марзӣ бо Амрико пардохт нахоҳад кард.