Ихроҷи сухангуи Кохи Сафед пас аз 5 рӯз
-
Katie Zacharia, сухангуи ҷадиди матбуотии Кохи Сафед
Сухангуи ҷадиди матбуотии Кохи Сафед, пас аз 5 рӯз ҳузур дар ин симат, барканор шуд.
Ба гузориши Порс Тудей ба нақл аз хабаргузории Садо ва симо, Katie Zacharia, сухангуи ҷадиди матбуотии Кохи Сафед, пас аз танҳо як ҷаласаи хабарии 14 дақиқаӣ ва 5 рӯз ҳузур дар ин симат тавассути Трамп, барканор шуд.
Katie Zacharia дар 9 октябр ба ин симат мансуб шуд ва дар 13 октябр аввалин ҷаласаи хабарии худро баргузор кард, ки танҳо 14 дақиқа тул кашид ва дар он фақат ба се хабарнигор иҷозаи суол дод.
Пас аз он мушаххас шуд, ки ӯ ҳаргиз дар озмуни ваколат қабул нашуда, дар ҳоле, ки борҳо худро «вакил», муаррифӣ карда буд. Трамп низ дар муаррифӣ, ӯро «вакил» хонда буд.
Трамп дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: ба Katie Zacharia тавсия карда «шояд ин шуғл барояш муносиб нест» ва «бояд дар мавридаш таҷдидиназар кунад».
Бар асоси гузориши Факс нюз, Katie Zacharia рӯзи ҷумъа ихроҷ шуд ва камтар аз як ҳафта дар ин симат давом овард. Ин моҷаро ба яке аз кутоҳтарин давронҳои тасаддии ин симат дар таърихи ахири Кохи сафед табдил шудааст.