Трамп вуруди мусалмононро ба Амрико маҳдуд кард
Доналд Трамп, раисҷумҳури ҷадиди Амрико шаби ҷумъа фармони эҷоди маҳдудиятҳои густурда барои вуруди паноҳҷӯён ва муҳоҷирон аз кишварҳои мусалмониро ба хоки Амрико имзо кард.
Ба гузориши “ал-Олам”, Трамп иддао кардааст, ки ҳадафаш аз имзои ин фармон мамониат аз вуруди террористҳо ба Амрико аст, аз ин рӯ, танҳо ба афроде иҷозаи вуруд ба Амрико дода хоҳад шуд, ки аз ин кишвар ҳимоят кунанд.
Бар асоси фармони Доналд Трамп аз ин пас шаҳрвандони кишварҳои мусалмонии Эрон, Ироқ, Судон, Сомалӣ, Либия, Сурия ва Яман агар раводиди вуруд ба хоки Амрикоро низ дарёфт карда бошанд, ҳангоми вуруд ба ин кишвар иҷоза дода нахоҳанд шуд. Бар асоси пешнависи ин фармон, ки ба дасти расонаҳо расида, ба муддати дастикам як моҳ судури раводид барои шаҳрвандони ин ҳафт кишвари мусалмонӣ ба таълиқ дароварда мешавад ва пас аз он ҳам ин кишварҳо бояд иттилооти шаҳрвандони худро дар ихтиёри Амрико қарор диҳанд. Ин фармон ҳамчунин барномаи пазириши паноҳҷӯёнро ба Амрико низ ба муддати 120 рӯз ба таъхир меандозад, то ҳадди аксари пазириши паноҳҷӯёнро 50 дарсад коҳиш диҳад.
Трамп дар суханрониҳои нажодпарастонаи худ дар даврони муборизоти интихоботияш эълом карда буд, чун раисҷумҳур Амрико шавад, вуруди мусалмонон ба хоки Амрикаро манъ хоҳад кард ва байни марзи Амрико ва Мексика барои ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирон девор хоҳад кашид.