Сарбози рус дар Ҳалаби Сурия мусулмон шуд
(last modified Sun, 29 Jan 2017 07:41:05 GMT )
Январ 29, 2017 12:41 Asia/Dushanbe

Яке аз низомёни руси мустақар дар Сурия ба дини Ислом мушараф шуд.

Ин сарбози рус дар мулоқот бо Салоҳ Ҳоҷӣ Мижиев-муфтии Чичен, ки ҳафтаи гузашта аз Ҳалаб боздид кард ва дар масҷиди ҷомеи Умавӣ намоз хонд, мусулмон шуд.

Лаҳзоти эъломи исломовардани ин низомии руси мустақар дар Сурия, дар як видеои кӯтоҳ ба тасвир кашида шудааст.

Дар ин филми видеоӣ, ки маркази расонаии муфтии Чичен онро мунташир карда, сарбози рус, ки аз афроди пулиси низомӣ аст, дар муқобили Салоҳ Мижиев бо гуфтани шаҳодатайн Ислом меоварад.