Вокуниши Канада дар бораи фармони иҷрои мамнуияти вуруд ба Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i12685-Вокуниши_Канада_дар_бораи_фармони_иҷрои_мамнуияти_вуруд_ба_Амрико
Нахуствазири Канада аз бетаъсир будани фармони иҷрои мамнуияти вуруд ба Амрико дар бораи атбои канадаӣ хабар дод.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Январ 29, 2017 20:24 Asia/Dushanbe
  • Вокуниши Канада дар бораи фармони иҷрои мамнуияти вуруд ба Амрико

Нахуствазири Канада аз бетаъсир будани фармони иҷрои мамнуияти вуруд ба Амрико дар бораи атбои канадаӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, Ҷостин Трудо, нахуствазири Канада рӯзи якшанбе эълом кард, мақомҳои амрикоӣ ин мавзӯро таъйид карданд, ки атбои Канада ҳатто бо доштани тобеияти дугона шомили фармони иҷрои раиси ҷумҳурии Амрико дар бораи мамнуияти вуруд ба ин кишвар намешаванд.

Нахуствазири Канада дар ин ҳол аз давлати Амрико хост, иттилооти комилро дар бораи фармони иҷрои мамнуияти вуруди атбои бархе кишварҳо ба ин кишвар дар ихтиёри давлати Канада қарор диҳад.

Пас аз судури фармони иҷрои мамнуияти вуруди атбои бархе аз кишварҳо ба Амрико, афроди дорои тобеияти дугона дар Британия низ нигарони мамнуияти сафар ба Амрико шудаанд.

Фармони иҷрои раиси ҷумҳурии ҷадиди Амрико дар бораи мамнуияти вуруд ба ин кишвар бо интиқоди шадиди кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои аврупоиву Созмони милали муттаҳид рӯбарӯ шудааст.