Мавзеъгирии давлати Олмон алайҳи сиёсатҳои муҳоҷирати Доналд Трамп
Садри аъзами Олмон сиёсатҳои муҳоҷирати раиси ҷумҳурии Амрикоро сахтгирона ва тавҷеҳнопазир донист.
Ба навиштаи торнамои рӯзномаи фаронсавии “Ле Фигаро”, Стефен Сейберт, сухангӯи давлати Олмон рӯзи шанбе гуфт, Анкела Меркел, садри аъзами Олмон сиёсатҳои муҳоҷирати Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрикоро ғайримантиқӣ ва ғайриқобили қабул медонад.
Сухангӯи давлати Олмон афзуд, бадгумонӣ ва тардид набояд ба тамоми афрод ба далели асолат ва боварҳои онҳо иртибот гирад.
Садри аъзами Олмон пештар низ мамониат аз вуруди атбои бархе аз кишварҳоро тасмими нодуруст донист.
Доналд Трамп дастуреро имзо кардааст, ки ба муҷиби он шаҳрвандони ҳафт кишвари мусулмон, аз ҷумла Эрон, аз сафар ба Амрико манъ мешаванд. Пас аз иҷро шудани дастури Трамп, шуморе аз муҳоҷирон дар фурудгоҳҳои Амрико боздошт шудаанд.