Интиқодҳо алайҳи Трамп. Аз ҷумҳурихоҳони Амрико то масъулини дигар кишварҳо
(last modified Mon, 30 Jan 2017 13:12:46 GMT )
Январ 30, 2017 18:12 Asia/Dushanbe
  • Интиқодҳо алайҳи Трамп. Аз ҷумҳурихоҳони Амрико то масъулини дигар кишварҳо

Тасмими раисҷумҳури Амрико барои мамнӯияти вуруди шаҳрвандони бархе кишварҳои мусалмонӣ ба Амрико эътирози теъдоде аз ҷумҳурихоҳонро барангехтааст.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, Боб Коркер, раиси ҷумҳурихоҳи Кумитаи равобити хориҷии Сенати Амрико дар вокуниш ба тасмими ахири Доналд Трамп гуфт, раисҷумҳури Амрико бояд фавран дар мавриди дастури худ дар хусуси муҳоҷират таҷдиди назар кунад. Ҷон Маккейн, дигар сенатори ҷумҳурхоҳи Амрико низ дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии амрикоии CBS дар бораи фармони Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ибрози нигаронӣ карда гуфт, ин иқдом ба манфиати ДИИШ аст. Линдси Грэм, сенатори ҷумҳурихоҳ низ аз иқдоми Доналд Трамп дар робита ба судури чунин як фармон интиқод кард.

Трамп рӯзи ҷумъа фармонеро имзо кард, ки бар асоси он, вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвари мусалмоннишон, Эрон, Ироқ, Сурия, Яман, Сомалӣ, Судон ва Либия ба муддати 90 рӯз ба хоки Амрико мамнӯъ шуд. Аз замони эъломи ин хабар ҳазорон амрикоӣ дар саросари Амрико тазоҳуроти эътирозомез баргузор кардаанд. Тазоҳуркунандагон бо бардоштани шиорҳо алайҳи ин фармони раисҷумҳури Амрико мухолифати худро бо сиёсати нижодпарастонаи Ҳукумати Амрико дар ростои муҳоҷират эълом доштанд. Сенатор Чак Шумер, раҳбари ақаллияти демократҳо дар Сенати Амрико низ дар ин тазоҳурот гуфт, фармонҳои ваҳшатноки раисҷумҳур барои инсоният, барои амнияти миллии Амрико бад ва зидди тамоми америкоиҳо буда, хусусиятҳои инсониро аз байн мебаранд. Шумер таъкид кард, ин фармонҳо ба амнияти Амрико халал ворид мекунанд ва ҳувияту арзишҳои амрикоиро аз байн мебаранд. Шумер афзуд, Доналд Трамп мехоҳад мардумро мутмаин намояд, ки тамоми муҳоҷирон террористу ҷинояткор ҳастанд, дар ҳоле ки муҳоҷирон ба дараҷаи умед ва ояндаи Амрико мебошанд. Аз сӯйи дигар Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар ҳамлае твиттерие ба Ҷон Маккейн ва Линдси Грэм, сенаторҳои ҷумҳурихоҳ навишт, сенаторҳо ба ҷойи он ки ҳамвора ба дунболи роҳ андохтани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ бошанд, энержии худро ба ДИИШ, амнияти марзу муҳоҷирони ғайрқонунӣ мутамаркиз мекунанд. Трамп борҳо дидгоҳи бархе аз ҷумҳурихоҳон, аз ҷумла Маккейнро дар зиддият бо Русия талоши онон барои роҳ андохтани ҷанги сеюми ҷаҳонӣ таъбир кардааст.

Фармони Трамп ҳамчунин эътирозоти чеҳраҳои сиёсӣ, мазҳабӣ ва фарҳангиро ба дунбол дошт. Стефан Мартин Валт, устоди равобити байналмилалии Донишгоҳи Ҳарвард, яке аз 10 мутафаккири бартари ҷаҳон дар "Твиттер" навишт, мамнӯияти судури раводид аз сӯйи Трамп навъе таассуби мазҳабӣ алайҳи мусалмонон аст. Ҷон Гартнер, устоди равоншиносӣ дар Ню-Йорки Амрико низ таъкид кард, Трамп шахсияти равонпареш (психопат) буда, ба ихтилоли худпарастии шадид гирифтор аст, ки нишонаҳои он рафторҳои таҳоҷумӣ ва зиддииҷтимоӣ, дигарозорӣ (садизм) ва равонгусехтагӣ  (шизофрения)  мебошад.

Раҳбарони аврупоӣ низ фармони Тромпро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз вуруди шаҳрвандони ҳафт кишвари мусалмониро ба Амрико маҳкум карданд. Сухангӯи нахуствазири Англия аз мувофиқ набудани Тереза Мэй бо дастури Трамп хабар дод. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон низ бо ин мамнӯият мухолифат карда гуфт, ки мубориза бо терроризм баҳона барои ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирон нест. Ҳамчунин Франсуа Оланд, раисҷумҳури Фаронса низ гуфт, ҳукумати ҷадиди Амрико дар ҳоли шӯълавар кардани андешаи авомфиребӣ ва ҳатто ифротгароӣ аст. Поп Франсис, раҳбари католикҳои ҷаҳон низ дар вокуниши тунде дар хусуси мамониат аз вуруди муҳоҷирони мусалмон аз ҳафт кишвари исломӣ ба Амрико раисҷумҳури ин кишварро як нижодпарасти риёкор хитоб кард.