Фарди наздик ба Путин вазири умури хориҷаи Амрико шуд
Феврал 02, 2017 14:18 Asia/Dushanbe
Маҷлиси Сенати Амрико рӯзи чаҳорошанбе бо интисоби Рекс Тиллерсон ба мақоми вазири умури хориҷаи Амрико муврфиуат кард.
Ба гузориши ББС, Рекс Тиллерсон аз 64 намояндаи Сенати Амрико раъйи мувофиқ ва аз 43 нафар раъйи мухолиф гирифт.
Тиллерсон пештар мудиромили собиқи ширкати нафтии "Exxon Mobil" будааст.
Ӯ равобити наздике бо Путин дорад ва интихобаш муҷиби нигаронии бархе намояндагони амрикоӣ шудааст.
Раиси ҷумҳури Русия дар соли 2013 ба хотири талошҳои Тиллерсон дар таҳкими ҳамкорӣ бо Русия дар бахши энержӣ ба ӯ нишони дустӣ дод.