Ҳимояти аксарияти шаҳрвандони амрикоӣ аз БАРҶОМ
Бештари мардуми Амрико бо хуруҷи кишварашон аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон (БАРҶОМ) мухолиф ҳастанд.
Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико дар муборизоти интихоботии худ ваъда дод, тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро пораву барои тавофуқе беҳтар муҷаддадан музокира кунад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, натоиҷи тозатарин назарсанҷии Донишгоҳи Мэриланди Амрико нишон медиҳад, аз се ду ҳиссаи амрикоиҳо мухолифи хуруҷи ин кишвар аз тавофуқи ҳастаӣ бо Эрон, мавсум ба Барномаи ҷомеи иқдоми муштарак (БАРҶОМ) ҳастанд.
Дар назарсанҷии донишгоҳи Мэриланд дар бораи Барҷом, ки дар фосилаи 22 то 28-уми декабр анҷом шуд, иттилооти кофӣ дар ихтиёри ширкаткунандагон қарор гирифт то пурсишшавандагон битавонанд қазовати одилонае дошта бошанд.