Феврал 04, 2017 15:46 Asia/Dushanbe
  • Фидокории мардуми Муғулистон ба хотири ҳукумат

Мардуми Муғулистон ба далели қарзи аз ҳад зиёди кишваршон ва барои кӯмак ба ҳукумат маҷбур ба фурӯши амволи худ, бавижа аспу ҷавоҳироташон шудаанд.

Ба гузориши ИРНА, мизони қарзи Ҳукумати Муғулистон ба 580 миллион доллар мерасад, ки ин рақам барои кишвари фақире мисли Муғулистон қарзи зиёд маҳсуб мешавад. Ҳамин мавзӯъ мардумро ба ин фикр андохтааст, ки барои кӯмак ба ҳукумат ҷавоҳироту колоҳои қимат, чорвои худ, бахусус аспҳояшонро бифурӯшанд ё ба ҳукумат ҳадя кунанд.

Гузоришҳо ҳокист, ки Ҳукумати Муғулистон барои бурунрафт аз мушкили пешомада дар ҳоли гуфтугӯ бо Ҳукумати Чин ва Сандуқи Байналмилалии Пул аст, ки албатта, ба суръат натиҷабахш нахоҳад буд.

Нахуствазири Муғулистон гуфтааст, ки “мо аз мардум дархосте дар ин замина накардаем, аммо вақте онҳо довталабона кӯмак мекунанд, мо ин кӯмакҳоро рад намекунем”.

Муғулистон барои таъмини пули нақд ба шиддат ба манобеи маъданӣ, аз ҷумла санг вобаста аст ва ба далели коҳиши қиматҳо, коҳиш хариди кишварҳое назири Русия ва Чин мушкилоти молии ҳукумати ин кишвар дучанд шудааст.