Амрико дар масири тундбод
https://parstoday.ir/tg/news/world-i12939-Амрико_дар_масири_тундбод
Танҳо ду ҳафта аз вуруди Донал Трамп ба Кохи Сафед мегузарад, ки садои эътирозҳо ба фармони муҳоҷиратии раисиҷумҳури Амрико рӯз ба рӯз баландтар мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 04, 2017 13:20 Asia/Dushanbe

Танҳо ду ҳафта аз вуруди Донал Трамп ба Кохи Сафед мегузарад, ки садои эътирозҳо ба фармони муҳоҷиратии раисиҷумҳури Амрико рӯз ба рӯз баландтар мешавад.

Ба гузориши Садо ва Симо, мухолифатҳо ба ин фармон ба даруни давлати ин кишвар ҳам нуфуз карда, ки дар таърихи сиёсии Амрико бесобиқа аст.

Аммо вазирии амнияти дохилии Амрико бетаваҷҷӯҳ ба мавҷи рӯзафзуни эътирозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ бар идомаи сиёсати зидди муҳоҷиратии давлати ин кишвар таъкид мекунад.