Коҳиши ҳаҷми мубодилоти Туркия бо ҷумҳурии Озарбойҷон
Туркия ҳаҷми мубодилоти энержии худро бо ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли гузашта коҳиш дод.
Вазорати нерӯи ҷумҳӯрии Озарбойҷон бо интишори гузорише эълом кард, ҳаҷми мубодилоти энержии Туркия бо ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли 2016, 34 дарсад коҳиш ёфтааст. Бинобар ин гузориш, ҳаҷми мубодилоти Анкара-Боку ба иллати истифодаи Туркия аз энержии таҷдидпазир ва бозёфтӣ коҳиш ёфтааст. Вазорати нерӯи ҷумҳурии Озарбойҷон дар гузориши ахири худ тасреҳ кардааст, ки дар соли 2016, ҳаҷми мубодилоти энержии Туркия бо ҷумҳурии Озарбойҷон аз 326 миллион доллар дар соли 2015 ба 213 миллион доллар дар соли 2016 коҳиш ёфтааст. Ин миқдор дар воқеъ, нишондиҳандаи 34 дарсад коҳиш дар тиҷорати энержии ду кишвар маҳсуб мешавад.
Коҳиши хариди энержии Туркия аз ҷумҳурии Озарбойҷон дар ҳолест, ки гуфта мешавад, Туркия барои содироти нафти ин кишвар нақши восита низ ифо мекунад. Дар воқеъ, бахше аз нафти харидоришудаи Туркия аз ҷумҳурии Озарбойҷон бо қимматҳои арзонтар, ба кишварҳои солис бо қимматҳои ҷаҳонӣ содир мешавад. Бо вуҷуди ин, мавзуи коҳиши тиҷорати энержии ҷумҳурии Озарбойҷон бо Туркия ҳоизи аҳаммияти зиёдест. Коҳиши ин бахш аз тиҷорати Боку-Анкараро метавон ҳушдоре ба ҷумҳурии Озарбойҷон талаққӣ кард. Зеро давлати Боку ба шиддат ба як масири интиқоли энержӣ вобаста аст ва ҳануз натавонистааст масирҳои мутанаввеъро таҷруба кунад. Дар ҳоли ҳозир Гурҷистон ва Туркия масири аслии содироти энержии ҷумҳурии Озарбойҷон ба бозорҳои масраф маҳсуб мешаванд. Ин дар ҳолест, ки масирҳои интиқоли энержии ҷумҳурии Озарбойҷон мавзуи муҳимест, ки мақомҳои Боку мебоист ба он таваҷҷуҳи бештаре мабзул доранд. Ба рағми онки интиқоли нафти ҷумҳурии Озарбойҷон аз масири сиёсии Боку-Тифлис-Ҷайҳон аз сӯи Амрико ба давлатмардони вақти Боку таҳмил шуда буд, аммо мақомҳои феълии ҷумҳурии Озарбойҷон метавонанд бо воқеъбинии бештаре ба ин мавзуъ таваҷҷуҳ намоянд. Воқеият он аст, ки масирҳои мутанаввеъ барои содироти энержии ҷумҳурии Озарбойҷон дар ваҳлаи нахуст манофеи миллии ин кишварро таъмин менамояд.
Коҳиши ҳаҷми мубодилоти энержии ду кишвар илова бар коҳиши суфоришҳои Туркия, ба коҳиши шадиди тавлиди энержӣ дар ҷумҳурии Озарбойҷон низ боз мегардад. Дар ҳақиқат бояд гуфт: Ба иллати истифодаи ширкати давлатии нафти Англия (British Petroleum) аз фанноварии фарсуда дар заминаи иктишоф, истихроҷ ва тавлиди нафти хом ва гази табиӣ, тавлиди нафти хоми ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли гузашта ба наздик ба 40 миллион тонна болиғ гардид, ки дар муқоиса бо солҳои моқабли он, ин мизон коҳиши чашмгиреро нишон медиҳад. Ба унвони мисол, тавлиди нафти хоми ҷумҳурии Озарбойҷон дар соли 2011 ба беш аз 48 миллион тонна расида буд, ки ин мизони тавлид барои ин кишвари ҳавзаи Қафқози ҷанубӣ як рекорд маҳсуб мешавад. Бо вуҷуди ин, аз соли 2012 ба баъд, мавзуи истифода аз фанновариҳои фарсуда ба бурузи ихтилофҳои шадиде миёни шахси Илҳом Алиев, раисҷумҳури Озарбойҷон ва намояндагии ширкати “British Petroleum” дар ин кишвар мунҷар шуд ва мудиромили англисии ширкати “British Petroleum”, ба иллати ҳамин ихтилофҳо аз кор барканор шуд. Дар воқеъ давлати Боку бар ин бовар аст, ки фанноварии ҷадид мебоист тавассути ширкати “British Petroleum” бо ҳазинаи ин ширкат ба Боку оварда шавад, аммо масъулони ширкати “British Petroleum” мегӯянд, ҳазинаи харидҳои ҷадид ба уҳдаи ҷумҳурии Озарбойҷон аст. Вуҷуди ин ихтилофҳо ба санъати нафти Боку осебҳои ҷиддӣ ворид кардааст ва мақомҳои давлати Бокуро бар сари ду роҳии хатарнок қарор додааст .