Посухи кӯбандаи муовини аршади эронии НАСА ба Трамп
https://parstoday.ir/tg/news/world-i12957-Посухи_кӯбандаи_муовини_аршади_эронии_НАСА_ба_Трамп
Муовини аршади эронии НАСА (Созмони миллии ҳавонавардӣ ва фазоии Амрико) дар вокуниш ба сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии Доналд Трамп-раисиҷумҳури ҷадиди Амрико, гуфт, он замон, ки эрониён соҳиби модернтарин тамаддуни бостон буданд, ҳанӯз Калифорния зери обҳои Кариб мадфун буд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 05, 2017 10:06 Asia/Dushanbe
  • Посухи кӯбандаи муовини аршади эронии НАСА ба Трамп

Муовини аршади эронии НАСА (Созмони миллии ҳавонавардӣ ва фазоии Амрико) дар вокуниш ба сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии Доналд Трамп-раисиҷумҳури ҷадиди Амрико, гуфт, он замон, ки эрониён соҳиби модернтарин тамаддуни бостон буданд, ҳанӯз Калифорния зери обҳои Кариб мадфун буд.

Профессор Фирӯзи Нодирӣ-муовини аршади НАСА ва мудири мутолиоти манзумаи Шамсӣ, дар вокуниш ба сиёсатҳои зидди муҳоҷиратии Трамп дар қиболи кишварҳои исломӣ аз ҷумла Эрон гуфт, 43 дарсади мудирони аршади НАСА, 21 дарсад аъзои Анҷумани риёзидонони Амрико, 14 дарсади пизишкон, 17 дарсади барноманависон ва 11 дарсади устодони маъруфи донишгоҳҳои Амрико ҳамагӣ, эронӣ ҳастанд.

Нодирӣ тасреҳ кард, раисиҷумҳури ҷадиди Амрико, ҳосили даҳҳо сол ҷанги расонаӣ, ҳазорон миллиард доллари ҳазина ва гирдоварии беҳтарин нухбагони ҷаҳонро ба боди ҳамоқат сипурдааст.

Вай  афзуд, Трамп обрӯи Иёлоти муттаҳидаи Амрикоро ҳатто назди муттаҳидони худ бурда ва шарофати худро ба қимати долларҳои режими кӯдаккуши Арабистони Саудӣ фурӯхтааст.

Доналд Трамп чанд рӯз қабл бо имзои дастуре, вуруди атбои ҳафт кишвари исломии Эрон, Сурия, Либия, Сомалӣ, Судон , Яман ва Ироқро барои муддати 90 рӯз ба Амрико таълиқ кард.