Феврал 05, 2017 17:35 Asia/Dushanbe
  • Узрхоҳии рӯзноманигори барҷастаи амрикоӣ аз мусулмонон

Нависанда ва рӯзноманигори барҷастаи Амрико бо узрхоҳӣ аз ҳамаи мусулмонон гуфт, амрикои‌ҳо бояд дар баробари ифротгароӣ биистанд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симои Эрон, Николас Кристоф, нависанда ва рӯзноманигори барҷастаи Амрико ва барандаи ду ҷоизаи Пулитсер (муътабартарин ҷоизаи рӯзноманигорӣ дар Амрико) бо ишора ба фармони зиддимуҳоҷиратии раиси ҷумҳурии Амрико гуфт, мамнуияти бефикронаву сангдилонаи сафари мусулмонон ба Амрико сабаби таҳқири амрикоиҳо шудааст.

Кристоф таъкид кард, Доналд Трамп намояндаи ҳамаи мардуми ин кишвар нест ва ҳамаи амрикоиҳо муваззафанд ифротгароиро маҳкум кунанду бегонаситезиро канор бигузоранд.

Ин рӯзноманигори барҷастаи амрикоӣ гуфт, шикофи воқеӣ миёни мусулмонон ва дигарон нест, балки миёни эътидолгароёну ифротгароёни ҳамаи мазоҳиб аст.

 

Барчасп