Ибрози тардиди намояндаи Калифорния дар бораи саломати рӯҳии Трамп
(last modified Sun, 05 Feb 2017 15:57:08 GMT )
Феврал 05, 2017 20:57 Asia/Dushanbe
  • Ибрози тардиди намояндаи Калифорния дар бораи саломати рӯҳии Трамп

Узви Маҷлиси намояндагони Амрико аз иёлати Калифорния дар бораи саломати рӯҳии раиси ҷумҳурии ин кишвар ибрози тардид кард.

Ба гузориши “Пресс ТВ”, Тед Лео, узви Маҷлиси намояндагони Амрико бо ишора ба сиёсатҳои ҷанҷолии Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико, ба вижа фармони зиддимуҳоҷиратӣ гуфт, саломат рӯҳӣ-равонии Трамп бояд мавриди баррасӣ қарор гирад.

 Лео ҳамчунин аз тасмими Додгоҳи федералии Амрико дар лағви мамнуияти сафари дорандагони раводиди ҳафт кишвари исломӣ ба Амрико истиқбол кард.

Трамп дар нахустин рӯзҳои раёсати ҷумҳурии худ бо имзои ҳукмҳои ҷанҷолбрангез барои манъи муваққати вуруди атбои ҳафт кишвари мусулмон ба Амрико, бо интиқоди густурдаи дохилӣ ва хориҷӣ мувоҷеҳ шудааст.