Гиҷбозии мушовирони Трамп мазҳакаи расонаҳои Амрико
https://parstoday.ir/tg/news/world-i13095-Гиҷбозии_мушовирони_Трамп_мазҳакаи_расонаҳои_Амрико
Мушовирони Трамп чун натавонистанд калиди барқи утоқи ҷаласоти Кохи Сафедро пайдо кунанд, ҷаласаи худро дар торикӣ баргузор карданд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Феврал 07, 2017 14:24 Asia/Dushanbe
  • Гиҷбозии мушовирони Трамп мазҳакаи расонаҳои Амрико

Мушовирони Трамп чун натавонистанд калиди барқи утоқи ҷаласоти Кохи Сафедро пайдо кунанд, ҷаласаи худро дар торикӣ баргузор карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, рӯзномаи англисии “Индепендент” навишт, гурӯҳи мушовирони аршади Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ба ин иллат, ки натавонистанд калиди равшаноии чароғҳои утоқи ҷаласоти Кохи Сафедро пайдо кунанд, ба иҷбор ҷаласаро дар торикӣ баргузор карданд.

Ширкаткунандагон дар ин ҷаласа дар поён низ дари хуруҷро ба сахтӣ пайдо карданд.

Ин иттифоқ ба таври иҷтинобнопазире мавриди тамасхури расонаҳову афроди наздик ба давлати қаблии Амрико қарор гирифтааст.

Аккоси Барак Абама ва низ мушовири Ҷо Байден, муовини Абама дар паёмҳое дар Твиттер навиштанд, ки калиди равшаноӣ дар канори дари хуруҷӣ аст.

Рӯзномаҳои Амрико низ гузориши ин иттифоқи хандадорро мунташир кардаанд.

Ин рӯзҳо бисёре аз маҳофили матбуотӣ ва сиёсии Амрико рӯйи рафторҳои сиёсии Трампу ҳамкоронаш, аз ҷумла бархурдҳои номуносиби Трамп бо ҳамсараш мутамаркиз шудаанд.

Дар ҳоле ки аъзои хонаводаи Трамп ҳамчунон дар Ню-Йорк сукунат доранд, вай замоне, ки кор намекунад, ағлаб танҳо дида мешаваду танҳо тасвири хонаводагӣ рӯйи мизи ӯ акси падараш Фред Крист Трамп аст.

Ҳамчунин бисёр маъруф аст, ки Трамп сабру таҳаммули каме барои мутолиа ва ҳатто гӯш супурдан ба асноди сиёсатгузории муфассалу пурҷузиёт дорад.