Раванди ихроҷи кормандон дар Туркия идома дорад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i13123-Раванди_ихроҷи_кормандон_дар_Туркия_идома_дорад
Давлати Туркия дар фармоне ҳудуди чаҳор ҳазору 500 нафар аз коркунони бахши умумиро аз кор барканор кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 08, 2017 08:35 Asia/Dushanbe
  • Раванди ихроҷи кормандон дар Туркия идома дорад

Давлати Туркия дар фармоне ҳудуди чаҳор ҳазору 500 нафар аз коркунони бахши умумиро аз кор барканор кард.

Ба гузориши хабаргузории Форс, беш аз ниме аз ин афрод кормандони вазорати омӯзиши Туркия ҳастанд.

Ин иқдом дар идомаи раванди идомадори барканории низомиён ва кормандони давлат пас аз табаддулоти низомии ноком алайҳи давлати Раҷаб Тайиб Эрдуғон сурат гирифтааст.

15 июли 2016 гурӯҳе аз низомиёни Туркия талош карданд бо кудато давлатро сарнагун кунанд ва Эрдуғон ин кудатои нокомро ба ҳаводорони Фатҳуллоҳ Гулен нисбат дод.

Аз замони вуқӯи он ҳодиса то кунун беш аз 125 ҳазор нафар аз коркунони давлат ба иттиҳоми иртибот бо шабакаи Гулен ихроҷ ва ҳудуди 40 ҳазор нафар аз низомиён, неруҳои полис ва коркунони дигар бахшҳоии давлат боздошт шудаанд.