Паёми нахустини ҳамлаи террористии ДИИШ дар пойтахти Афғонистон
(last modified Thu, 09 Feb 2017 10:07:35 GMT )
Феврал 09, 2017 15:07 Asia/Dushanbe
  • Паёми нахустини ҳамлаи террористии ДИИШ дар пойтахти Афғонистон

Гурӯҳи террористӣ-такфирии ДИИШ масъулияти инфиҷори террористӣ дар муқобили Додгоҳи олии Афғонистон, дар шаҳри Кобулро ба ӯҳда гирифт. Дар ин инфиҷор дастикам 25 нафар кушта ва беш аз 40 нафари дигар низ захмӣ шуданд.

Омили ин ҳамла, ки ДИИШ ӯро Абубакр Аттоҷикӣ муаррифӣ кард, асри рӯзи сешанбе камарбанди инфиҷории худро ҳангоми хуруҷи коркунони Додгоҳи олии Афғонистон аз маҳалли корашон дар маркази Кобул мунфаҷир кард.

Ин иқдоми террористӣ аз абъоди мухталиф қобили тааммул аст. Кобул ба далоили мухталиф, аз ҷумла он ки пойтахти Афғонистон ва конуни истиқрори ниҳодҳои ҳукуматӣ, сафоратхонаҳо ва дафтарҳои намояндагии ниҳодҳо ва созмонҳои минтақаӣ ва байналмилалӣ аст, аз аҳамияти сиёсӣ ва амниятии вижае бархурдор аст.

Вуҷуди лояҳои мухталифи амниятӣ дар шаҳри Кобул ба таври табиӣ аҳамияти таъмини амният дар пойтахти Афғонистонро дар муқоиса бо дигар шаҳрҳо ва вилоятҳои ин кишвар афзоиш медиҳад. Ба ҳамин далел аст, ки ҳамалоти террористӣ дар Кобул беш аз ҳамалоти мушобеҳ дар дигар манотиқи Афғонистон мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад. Пазириши масъулияти ҳамлаи террористии ахир дар Кобул, дар муқобили Додгоҳи олии Афғонистон аз сӯйи гурӯҳи террористии ДИИШ нишонае аз аҳдофи ин гурӯҳ барои нуфузи бештар дар пойтахти ин кишвар аст.

Ин барои нахустин бор аст, ки гурӯҳи террористии ДИИШ ҳамлаи террористӣ дар Кобул анҷом додааст ва ин масъала метавонад занги хатаре барои давлати Афғонистон дар бораи нуфузи ин гурӯҳ то пойтахт бошад. Гурӯҳи террористии ДИИШ, ки бештари фаъолиятҳояш дар шарқи Афғонистон ва дар вилояти Нангарҳор мутамаркиз аст, бо иқдоми террористӣ дар Кобул, ин паёмро ба давлати Афғонистон додааст, ки диишиҳо танҳо худро ба ҷуғрофиёи хосе, аз ҷумла манотиқи шарқи кишвар маҳдуд намекунанд ва метавонанд то пойтахт нуфуз кунанд.

Гурӯҳи террористии ДИИШ бо ин ҳамлаи террористӣ илова бар он ки нишон дод, ки ҳавзаи нуфузи худро то Кобул ҳам густариш дода, дар садад  аст то худро ба унвони таҳдиде бузург ва дар сатҳи гурӯҳи Толибон барои давлати Афғонистон матраҳ кунад.

Ба думболи ҳамлаи террористии ДИИШ дар муқобили Додгоҳи олии Афғонистон, суханони чанд моҳи пеши Зоҳир Қадир, ноиби раиси Маҷлиси намояндагони ин кишвар дар бораи вуҷуди бархе шавоҳид ва мадорик дар бораи иртиботи бархе сафоратхонаҳо дар Кобул бо гурӯҳи ДИИШ метавонад ба мавриде ҷиддӣ барои баррасиҳои амниятии давлати Афғонистон табдил шавад.

Ин гумон матраҳ аст, ки густариши нуфузи ДИИШ дар Афғонистон ҷуз бо ҳимоятҳои молӣ ва тадорукотии бархе кишварҳои минтақа ва фароминтақа имконпазир нест. Зеро агарчӣ бархе афроди ҷудошудаи Толибон ба сафи ДИИШ пайвастаанд, аммо Толибон бо ҳар гуна қудрат гирифтани ДИИШ ва табдил шудан ба рақиби ҷиддӣ барои онон муқобила мекунанд.

Дар чунин шароите аст, ки бархе коршиносон густариши нуфузи ДИИШ дар Афғонистон ва иҷрои аввалин ҳамлаи террористии ин гурӯҳ дар шаҳри Кобулро бидуни ҳимояти бархе кишварҳо ва танҳо бо иттико ба тавони даруни гурӯҳӣ бисёр баъид медонанд.