Феврал 11, 2017 17:05 Asia/Dushanbe
  • Могерини: Амрико мутааҳҳид ба иҷрои комили тавофуқи ҳастаӣ аст

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо бо таъкид бар ин ки БАРҶОМ тавофуқномаи дуҷониба нест, гуфт, давлати Амрико мутааҳҳид ба иҷрои комили тавофуқномаи ҳастаии Эрон аст.

    Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, Федерика Могерини, ки барои дидор бо мақомоти амрикоӣ ба ин кишвар сафар кардааст, гуфт, ҳадафи аслии ӯ дар сафар ба Вашингтон ин аст, ки дар бораи тавофуқномае сӯҳбат кунад, ки дар соли 2015 мавриди музокираи Эрон, Амрико ва дигар қудратҳои ҷаҳонӣ қарор гирифт ва боис шуд, ки Эрон машмули тахфифи таҳримҳо шавад ва дар баробари он низ барномаи ҳастаиашро маҳдуд кунад.

   Федерика Могерини афзуд, БАРҶОМ як тавофуқномаи дуҷониба нест, ҳатто як тавофуқнома байни Эрон ва бархе кишварҳо нест, балки ин тавофуқнома акнун ба ҷомеаи байналмилалӣ тааллуқ дорад ва бисёр муҳим аст, ки як тавофуқномаи байналмилалӣ, боқи бимонад.

   Могерини гуфт, ба назари ман бисёр аҳамият дошт, ки дар дидорҳо бо мақомоти Амрико, рӯи зарурати пойбандӣ ба иҷрои комили тавофуқномаи ҳастаӣ таъкид кунам.

 

Барчасп