Рӯйкарди Русия мутафовит бо Амрико дар қиболи БАРҶОМ
Муовини вазири умури хориҷаи Русия, рӯйкарди ин кишвар дар қиболи БАРҶОМ-ро бо Амрико мутафовит донист.
Сергей Риябков-муовини вазири умури хориҷаи Русия, рӯзи шанбе дар гуфтугӯ бо ИРНА, гуфт, бо мавозеи БАРҶОМ-и Амрико ҳамсӯ нестем.
Сергей Риябков, дар идома афзуд, иродаи мардум ва масъулони Эрон шикаст доданӣ нест ва Ҷумҳурии исломӣ ҳар гуна озмуни сахт дар ин заминаро пушти сар гузоштааст.
Ба гуфтаи вай, БАРҶОМ бо абзорҳои хеле дақиқ танзим шудааст ва бо ин шароит наметавон аз ин санад ва иҷрои он нигаронӣ дошт.
Муовини вазири умури хориҷаи Русия, ҳамчунин гуфт, БАРҶОМ токунун таъсирҳои мусбате доштааст ва Эрон бо масъулият, тааҳҳудҳои худро анҷом медиҳад.
Риябков, таъкид кард, БАРҶОМ ба нафъи ҳама аст, зеро барои суботи бахши ҷаҳонӣ ва минтақаӣ, коромадӣ дорад.
Бад аҳдӣ ва коршиканиҳои мақомоти амрикоӣ, аз ибтидои иҷрои тавофуқи ҳастаии Эрон 5+1 дар шароите аст, ки ба эътирофи гузоришҳои Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ, Созмони милал ва Шӯрои амният, Эрон ҳамвора ба тамоми тааҳҳудоти худ дар қиболи БАРҶОМ амал кардааст.