Чашмандози равобити Амрико ва Русия дар давраи Трамп
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия бори дигар омодагии худро барои дидор бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико ҷиҳати бозсозии равобити ду кишвар эълом кард.
Путин гуфт: Равобити миёни Русия ва Амрико дар панҷ соли гузашта ба шиддат тазъиф шуда ва ниёз аст, ин робита дар ҷиҳати манофеи кишвар бозсозӣ шавад .
Вай афзуд: Бозсозии равобити миёни Маскав ва Вашингтон танҳо бар уҳдаи Русия нест, балки тарафи амрикоӣ низ дар ин иқдом бояд нақши худро ифо кунад.
Бар хилофи Барак Обама, раисҷумҳури собиқи Амрико, ки равобити пуртаниш бо Русия аз тариқи эъмоли таҳримҳои шадидро дунбол мекард, аммо ҷонишини вай Трамп дар ҳайн муборизоти интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва пас аз он аз беҳбуди равобит бо Маскав сухан гуфтааст. Суханони Трамп ба ҳамтои русии вай Путин, ин умедвориро дода, ки равобити пуртаниши Амрико ва Русия оддӣ ва таҳримҳо алайҳи Русия низ лағв шавад .
Дар ҳамин росто, Путин ва Трамп таи ҳафтаҳои ахир борҳо омодагии худро барои дидор бо якдигар эълом карданд, ки эъломи ин хабар муҷиби нигарониҳое дар Аврупо шудааст, чун Аврупо нигарони муомилаи Трамп ва Путин бар сар қурбонӣ кардани манофеи ин қорра аз ҷумла бетаваҷҷуҳии раисҷумҳури Амрико ба низомигарии Русия дар Аврупо ва ба вижа илҳоқи шибҳҷазираи Қрими Украина ба Русия аст. Ин нигаронӣ замоне тақвият шудааст, ки Трамп аз мансух шудани НАТО сухан гуфт ва аз бар уҳда гирифтани бори молии сангин тавассути Амрико интиқод кард, зимни инки рӯйкарди раисҷумҳури ҷадиди Амрико барои хуруҷ аз тавофуқҳои тиҷорӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва имзои тавофуқҳои тиҷории ҷадид бо так-таки кишварҳои аврупоӣ, нигаронии мақомоти Иттиҳоди Аврупоро барангехтааст. Аз тарафи дигар, раисҷумҳури Амрико дар андак замоне, ки рӯи кор омада, бо таваҷҷуҳ ба сиёсатҳои зидди занон, муҳоҷирон, табъизи нажодӣ ва гом бардоштан дар масири хуруҷ аз паймонҳои байналмилалӣ, бо интиқодҳои шадиди дохилӣ ва хориҷӣ мувоҷеҳ шудааст. Зимни инки Трамп вориси мушкилоте назири даргирии пурҳазина ва хисоратбори низомии Амрико дар ақсо нуқоти ҷаҳон аз ҷумла Ховари Миёна дар ростои ба истилоҳ мубориза бо терроризм аст.
Ба рағми ин мавзуот, раисҷумҳури ҷадиди Амрико ахиран оддисозии равобит бо Русияро машрут ба тағйири сиёсатҳои Маскав дар ҷиҳати кумак ба таҳаққуқи манофеи Вашингтон дар масоиле назири ба истилоҳ мубориза бо терроризм, коҳиши таслиҳоти ҳастаии Русия ва таҷдиди назари Маскав дар сиёсати худ дар қиболи Украина кард. Дар ҳамин росто, Трамп ахиран гуфт, лағви таҳримҳои Русия зуд аст. Илова бар ин, дар ростои такмили ҳалқаи муҳосираи Русия тавассути НАТО, дар ҳафтаҳо ва рӯзҳои ахир нерӯҳо ва ҷангафзорҳои амрикоӣ дар манотиқи шарқи Аврупо ба рағми интиқодҳои Маскав, мустақар шудааст.
Ин чолишҳо нишон медиҳад, оддисозии равобити Амрико ва Русия дар масире душвор қарор дорад ва Трамп бо эъломи пешшартҳо, хоҳони касби имтиёзоте аз ҳамтои русии худ аст. Ин дар ҳолест, ки давлати Путин намехоҳад, манофеи Русияро қурбонии оддисозии равобит бо Амрико кунад ва ба ҳамин далел раисҷумҳури Русия таъкид дорад, ки Амрико бояд дар бозсозии равобити ду кишвар нақш ифо кунад.
Асосан сохтори суннатии ҳокимият дар Амрико зидди русӣ аст ва ин рӯзҳо Конгресс ва низомиён низ бар ташдиди фишорҳо ва таҳримҳо алайҳи Русия таъкид доранд. Ин мавзуъ аз он ҷиҳат аҳаммият дорад, ки Амрико ва Русия пас аз фурупошии Шӯравӣ ва поёни ҷанги сард ҳеч тартиботи амниятии босубот барои ҳалли масоили худ эҷод накардаанд. Дар чунин шароите агарчи Трамп ва Путин шояд то ҳадде битавонанд равобити Амрико ва Русияро беҳбуд бахшанд, аммо ихтилофот ва рақобати ду абарқудрати низомӣ-ҳастаӣ дар ҳавзаҳои геополитикӣ идома дорад ва бар ҳамин асос оддисозии равобити Маскав ва Вашингтон ба осонӣ имконпазир нест .