Феврал 12, 2017 20:38 Asia/Dushanbe
  • Ришваи Арабистони Саудӣ ба Трамп дар аввалин рӯзи корӣ

Давлати Арабистон бо пардохти ришва аз тариқи як ширкати амрикоӣ ва бо ба кор гирифтани кӯҳнакорони низомии Амрико дар садади лағви қонуни иҷрои адолат алайҳи ҳомиёни терроризм (Ҷосто) баромадааст.

Ширкати Qorvis ё MSLGROUP , ки ҳидояти амалиёти густурдаи лобигарии Арабистони Саудӣ дар Амрико дар 14 соли гузаштаро бар ӯҳда доштааст, иҷораи утоқҳои меҳмонхонаи Доналд Трамп дар Вашингтонро танҳо як рӯз баъд аз савгандёдкунии Трамп пардохт кард. Ин нахустин пардохти ошкори тарафи хориҷӣ ба Трамп баъд аз нишастан дар симати раёсати ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.

 Ин ширкат талош кард то кӯҳнакорони низомӣ ва фаъолони амрикоиро дар Вашингтон ҷамъ ва коре кунад то ин афрод Конгресси Амрикоро водор кунанд, ки қонуни иҷрои адолат алайҳи ҳомиёни терроризмро лағв кунад то бозмондагони қурбониёни ҳаводиси 11-уми сентябр натавонанд алайҳи Арабистони Саудӣ дар ин хусус шикоят кунанд.

Ба навиштаи “Ватан яғрад”, давлати Арабистон ҳазинаи сафарҳои Люкс ва пурҳазинаи кӯҳнакорони ҷангӣ (низомиёни ботаҷрибаи амрикоӣ) барои рафтан ба Вашингтон ва иқомат дар меҳмонхонаи байналмилалии Доналд Трампро таъмин кард.

Хотирнишон мешавад, ки қонуни иҷрои адолат алайҳи ҳомиёни терроризм (Ҷосто) имкони шикояти шаҳрвандони амрикоӣ алайҳи давлатҳои хориҷиро дар сурати таъмини ҳамалоти террористӣ ва хисороту талафоти он, фароҳам овард. Ба навиштаи “Дейли Колер”, Арабистон ба ширкати Qorvis яке аз бузургтарин ширкатҳои барқарории муносибот дар сатҳи ҷаҳон пул пардохт кард то барои лағви Ҷосто талош кунад.

Бар асоси ин гузориш, ҳудуди 20 то 40 тан аз кӯҳнакорони низомии Амрико бо ҳамкории ширкати Qorvis  моҳи декабр дар меҳмонхонаи Трамп дар иёлати Пенсилвания ҷамъ шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки бар асоси Қонуни асосии Амрико, масъулони ин кишвар ҳақ надоранд аз давлатҳои дигар пул дарёфт кунанд, аммо пардохти пули иқомати ин афрод дар меҳмонхонаи Трамп аз сӯйи Арабистон, ин саволро дар зеҳн эҷод мекунад, ки оё бо ин иқдоми Саудӣ, яке аз бандҳои Қонуни асосии Амрико дар замони Трамп нақз шудааст?

Qorvis дорои ду мушовир аст, ки дар саросари Амрико барои бакоргирӣ ва ҷазби кӯҳнакорони низомӣ ба манзури мухолифат бо Ҷосто дар роҳравҳо ва нишастҳои Конгресс фаъолият мекарданд.