Фиристодаи Путин: Эҳтимоли вуруди “ДИИШ” ба Тоҷикистон ҳаст
https://parstoday.ir/tg/news/world-i13343-Фиристодаи_Путин_Эҳтимоли_вуруди_ДИИШ_ба_Тоҷикистон_ҳаст
Замир Кобулов, фиристодаи махсуси Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, хатари вуруди ҷангҷӯёни мусаллаҳ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 13, 2017 11:14 Asia/Dushanbe
  • Фиристодаи Путин: Эҳтимоли вуруди “ДИИШ” ба Тоҷикистон ҳаст

Замир Кобулов, фиристодаи махсуси Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дар умури Афғонистон мегӯяд, хатари вуруди ҷангҷӯёни мусаллаҳ аз Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вуҷуд дорад.

Ба иттилои “Озодагон”, Кобулов изҳор доштааст, ки феълан Толибон дар иттиҳод бо ҷангҷӯёни дигар дар марз бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ду пойгоҳи асосӣ ташкил кардаанд: “Теъдоди умумии ҷангҷӯёни мусаллаҳ ҳудуди 15 ҳазор нафарро ташкил медиҳад”.

Фиристодаи Путин гуфтааст, пеш аз ҳама таҷаммӯи ҷангҷӯёни ДИИШ дар музофоти Бадахшони ҳаммарз бо Тоҷикистон ташвишовар аст: “Дар сурати шиддати вазъ ва қасди ҷангҷӯён барои убури марз бо Тоҷикистон, агар мақомоти тоҷик дархост кунанд, нерӯҳои СПАД алайҳи ифротгароён равона хоҳанд шуд. Чунин ҳамкорӣ тариқи размоишҳо роҳандозӣ ва такмил дода шудааст”.

Кобулов инчунин аз таҷаммӯи ҳудуди 1 ҳазор ҷангҷӯ дар марз бо Туркманистон зикр карда, изҳор доштааст, ки фикр намекунад, мақоми нейтралитети ин кишвар пеши роҳи “ДИИШ”-ро бигирад.