Феврал 14, 2017 17:11 Asia/Dushanbe
  • Муттаҳам шудани расонаҳои русӣ ба дахолат дар интихоботи Фаронса

Сухангуи Ҷунбиши "Ҳаракат ба ҷилав"-и Фаронса расонаҳои русиро ба шойиапароканӣ барои бадном кардани номзади интихоботи Фаронса муттаҳам кард.

Ба гузориши Ирно, Бенямин Гриве, сухангуи Ҷунбиши "Ҳаракат ба ҷилав"-и Фаронса гуфт, шабакаи телевизионии Рашатудей ва хабаргузории Спутник, ки бо буҷети давлати Русия таъмини молӣ мешаванд, дар бораи Эммануэл Макрон, номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса шойиапароканӣ мекунанд .

Сухангуи Ҷунбиши "Ҳаракат ба ҷилав" муддаӣ шуд, Русия, ки бо ифои нақш дар корзори интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико ба пирӯзии Доналд Трамп кумак кард, дар талош барои дахолат дар рақобатҳои интихоботии Фаронса аст .

Русия борҳо иддаоҳои матраҳшуда мабнӣ бар дахолати ин кишвар дар интихоботи ахири Амрикоро такзиб кардааст .

Интихоботи раёсатҷумҳурии Фаронса дар моҳҳои Апрел ва майи 2017 баргузор мешавад .

 

Барчасп