Феврал 18, 2017 15:45 Asia/Dushanbe
  • Интишори аксе, ки мардуми Туркия 90 сол мунтазири он буданд

Интишори акси раисҷумҳури Туркия дар канори Ҳулуси Акар, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар дар ҳоли намози ҷамоат дар масҷиди на-Набӣ тамоми рукурдҳои бознашри аксро дар ин кишвар шикаст.

Ба гузориши шабакаи “ал-Олам”, Эрдуғон пас аз поёни сафари давраии худ ба чанд кишвари ҳошияи Халиҷи Форс барои умра ба Макка рафта, дар масҷиди ан-Набӣ дар канори раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Туркия намоз хонд. Аксе, ки аз ин намоз гирифта шуд, бо истиқболи густардаи корбарони “Твиттер” дар Туркия рӯ ба рӯ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар 90 соли гузашта ҳузури афроди ташкилоти низомии Туркия дар намози ҷамоат мамнӯъ буд.

Яке аз корбарони Туркия дар паёме дар сафҳаи “Твиттер”-и худ дар бораи ин акс навишт, “барои дидани ин акс 90 сол интизорӣ кашидем”.

 

Барчасп