Феврал 19, 2017 15:55 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати аксари шаҳрвандони амрикоӣ бо мамнуъ шудани вуруди мусулмонон ба Амрико

Ҷадидтарин назарсанҷиҳо нишон медиҳад, бештари шаҳрвандони амрикоӣ мухолифи мамнуъ шудани вуруди мусулмонон ба хоки Амрико ҳастанд.

Бар асоси натоиҷи Муассисаи назарсанҷии сиёсатгузории умумӣ (Public Policy Polling) 65 дарсад шаҳрвандони амрикоӣ, мухолифи мамнуъ шудани вуруд мусулмонони ба хоки Амрико ҳастанд ва танҳо 26 дарсад бо иҷрои ин тарҳ мувофиқанд.

Амрико бар хилофи кишварҳое, ки дорои тамаддуни таърихӣ ҳастанд, аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки бар пояи муҳоҷират бино шудааст.

Иқдомоти давлати зидди иҷтимоъоти гуногуни қавмӣ, нажодӣ, мазҳабӣ  бо рӯҳияи ҷомеаи муҳоҷирпазири Амрико ҳамхонӣ надорад ва ғолибан бо вокунишҳои умумӣ рӯбарӯ мешавад.

Доналд Трамп раисҷмҳури Амрико, рӯзи 27 январ гузашта фармонҳоеро ба иҷро гузошт, ки бар асос он, вуруд атбои ҳафт кишвари исломӣ аз ҷумла Эрон ба Амрико ба муддати  90 рӯз мамнуъ шудааст.

Ин фармонҳо бо эътирози бисёре аз сиёсатмадорон ва гурӯҳҳои исломӣ ва ҳуқуқи башарӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон мувоҷеҳ шуд.

Барчасп