Муъзали маводи мухаддир дар ғарби Афғонистон
(last modified Sun, 19 Feb 2017 16:03:13 GMT )
Феврал 19, 2017 21:03 Asia/Dushanbe

Маводи мухаддир солҳост, ки дар Афғонистон тавлид ва транзит мешавад ва талошҳои давлати Кобул барои коҳиш ва ё мубориза бо ин падида ба ҷое нарасидааст.

Мардуми Афғонистон нигарони афзоиши кишту бардошти маҳсули афюн дар солҳои ахир ҳастанд ва таъкид доранд, бояд давлат бо ҳамкории соири кишварҳо роҳи муносиберо барои муқобила бо кишоварзон ва қочоқчиёни маводи мухаддир биёбанд .

Дар ғарби Афғонистон ва дар вилоятҳои Ҳирот, Нимрӯз ва Фароҳ, ки бо ҷумҳурии исломии Эрон, Покистон ва Туркманистон марзи муштарак доранд, бештарин қочоқи маводи мухаддир ва транзити он ба берун аз марзҳои Афғонистон вуҷуд дорад .

Дар бисёре аз маворид қочоқчиён муваффақ мешаванд, то маҳмулаҳои чандин тоннаии маводи мухаддирро ба мақсад бирасонанд, аммо гоҳе низ ин бондҳои мафияии маводи мухаддирро ё нерӯҳои амниятӣ дар марокизи шаҳрҳо шиносоӣ мекунанд ва ё марзбонони кишварҳои ҳамсоя дар хутути марзӣ аз байн мебаранд. Дар тозатарин маврид дар вилояти Нимрӯз яке аз қочоқчиёни машҳур ҳамроҳ бо як тан аз ҳамкоронаш ба дасти нерӯҳои амниятӣ боздошт шудааст. Мақомоти маҳаллӣ дар ин вилоят гуфтаанд, ин фард ба номи Муҳаммад Наим маъруф ба Наим Гург, солҳост, дар қочоқ ва транзити маҳмулаҳои сангини маводи мухаддир даст дорад. Ҷелонӣ Абубакр, фармондеҳи полиси вилояти Нимрӯз гуфт, ин фард, ки бештар аз ҳашт сол аст, дар таъқиби нерӯҳои амниятии Афғонистон қарор дорад, дар минтақаи Молдор дар маркази шаҳри Заранҷ ҳамроҳ бо 38 килограмм ҳероин боздошт шуд .

Фармондеҳи полиси Нимрӯз бо баёни инки ин ду қочоқчии маводи мухаддир ин миқдор ҳероинро дар мошини савориашон ҷосозӣ карда буданд ва қасди интиқоли онро ба хориҷи кишвар доштанд, таъкид кард, афроди боздоштшуда ба далели таҳқиқоти бештар ба Кобул фиристода шуданд. Вилояти Нимрӯз дар ҳамсоягии Эрону Покистон масири транзити маводи мухаддир ба хориҷи Афғонистон аст.

Дар ҳамин ҳол мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Ғур дар ғарби Афғонистон эълом карданд, беш аз 50 ҳазор нафар дар ин вилоят муътод ба маводи мухаддир ҳастанд, ки нигарониҳои амиқеро дар байни мардум ва масъулон бавуҷуд овардааст .

Абдулҳай Хатибӣ, сухангуи волии Ғур гуфт, ин афрод дар бадтарин вазъияти мумкин дар ин вилоят ба сар мебаранд ва ҳеч имконоте низ барои мудовои онон вуҷуд надорад. Ин мақоми маҳаллии Ғур гуфт: Вуҷуди маводи мухаддир ва набуди барномаи мудавван барои мубориза бо кишту тавлиди он боиси эътиёди ин афрод шуда ва ҳатто бархе аз ононро ба коми марг кашондааст. Вай ба худкушии ду тан аз ҷавононе дар ин вилоят ишора кард, ки ба далели эътиёд ва мушкилоти фаровони иқтисодӣ ба зиндагии худ поён доданд. Хатибӣ афзуд: Давлати Афғонистон низ ҳеч имконоте барои муроқибат аз ин афрод ва ё талош барои мудовои онон рӯ даст надорад. Фасли сармо ва яхбандон дар вилояти кӯҳистонии Ғур ҳамасола даҳҳо тан аз муътодонеро ба коми марг мекашонад, ки ҳеч сарпаноҳе барои идомаи зиндагӣ надоранд .