Дархости саҳмияи ҳаҷ аз Арабистон барои коргарони муҳоҷир дар Русия
Раиси Шӯрои муфтиёти Русия аз мақомоти Арабистони Саудӣ дархост кардааст, ки барои сафари ҳаҷи коргарони муҳоҷири мусулмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон муҷаввиз ва саҳмия ихтисос диҳанд.
Ба гузориши РИА-Новости, Равил Айнуддин гуфт, дар ҳоли ҳозир саҳмияи солиёнаи ҳаҷ барои мусулмонони Русия 20 ҳазору 500 нафар аст, ки аз ин ҳисоб метавон 200 то 400 саҳмро барои ҳаҷи коргарони муҳоҷири мусулмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ихтисос дод.
Вай таъкид кардааст, ки Арабистони Саудӣ барои коргарони муҳоҷири мусулмони хориҷӣ дар кишварҳои аврупоӣ бо тахфиф, визаи сафар барои зиёрати Хонаи Худо медиҳад ва ин афрод ба ҳамроҳи мусулмонони муқими Иттиҳодияи Аврупо озими сарзамини ваҳй мешаванд.
Аз ин рӯ шӯрои муфтиёти Русия аз Арабистон дархост мекунад, ки саҳмияи солиёнаи сафари зоирони Хонаи Худоро барои ин кишвар афзоиш диҳад то коргарони муҳоҷири мусулмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ низ аз ин имтиёз бархурдор шаванд.
Вай ибрози умедворӣ кардааст, ки мақомоти Саудӣ ба ин дархост посухи мусбат диҳанд.
Ба гуфтаи раиси шӯрои муфтиёти Русия, мақомоти Арабистон ваъда додаанд, ки барои афзоиш саҳмияи ҳаҷҷи фарзӣ ва умраи мусулмонони Русия мусоидат кунанд.
Ҳамчунин Элдар Алоуддинов, муфтии мусулмонони шаҳри Маскав таъкид кардааст, ки шумори довталабони сафари ҳаҷ аз миёни коргарони муҳоҷири мусулмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон дар Русия дар ҳоли афзоиш аст. Зеро дар Узбакистон ва Тоҷикистон ҳазинаи сафари ҳаҷ дар муқоиса бо Русия гаронтар ва маҳдудиятҳое низ дар ин амр дар ин ду кишвар вуҷуд дорад.
Ҳамасола 6 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушрраф мешаванд.