Август 04, 2016 19:50 Asia/Dushanbe
  • Идомаи баҳсҳо сари ислоҳи низоми интихоботӣ дар Афғонистон

Дар ҳоле ки Кумитаи муштараки маҷлисҳои сено ва намояндагони Афғонистон натавонист роҳи ҳалле барои ислоҳи низоми интихоботии ин кишвар биёбад, Камиссиюни назорат бар қонуни асосии Афғонистон эълом кард, Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии ин кишвар метавонад фармони ҷадиди ислоҳи низоми интихоботиро содир намояд.

Ин  камиссиюн дар посух ба дархости Ашрафғанӣ дар мавриди судури фармони раёсати ҷумҳурӣ дар бораи ислоҳи низоми интихоботӣ эълом кард, давлати Афғонистон бар асоси модаи 79 Қонуни асосӣ метавонад ҳар навъ фармони ислоҳии ҷадидро дар айёми таътилии Маҷлиси намояндагон дар мавриди интихобот ва камиссиюнҳои интихоботӣ содир намояд.

Фармони ахири Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурии Афғонистон дар мавриди қонуни ташкил, вазоиф салоҳияти Камиссиюни мустақили интихобот ва Камиссиюни шикоёти интихоботӣ аз сӯйи Маҷлиси намояндагони ин кишвар рад, аммо аз сӯйи Маҷлиси сено таъйид шуд. Барои ҳалли ин мушкил, як кумитаи муштарак аз намояндагони мунтахаби ҳар ду маҷлис ташкил шуд, ки натиҷабахш набуд. Мутобиқи қонун, фармони раиси ҷумҳурии Афғонистон радшуда маҳсуб мешавад. Дар ин ҳол, Маҷлиси намояндагони Афғонистон дар мусавваба, ихтиёроти Ашрафғаниро барои судури фармон дар мавриди низоми интихоботӣ маҳдуд кард.

Бо тавваҷуҳ ба ин ки порлумони феълии Афғонистон бо тамдиди давраи намояндагон фаъол аст ва давлати Ваҳдати миллӣ эълом кардааст то замоне ки низоми интихоботӣ ислоҳ нашавад, интихоботи порлумонӣ ва шӯроҳои устонӣ баргузор нахоҳад шуд. Дафтари раёсати ҷумҳурии Афғонистон аз Камиссиюни назорат ба татбиқи қонуни асосӣ хост, назари машваратии ҳуқуқии худро дар мавриди судури фармони раёсати ҷумҳурӣ дар мавриди ислоҳи низоми интихоботӣ ироа кунад.

Ин камиссиюн низ эълом кард, барои пешгирӣ аз зоеъ шудани ҳуқуқи асосии шаҳрвандон, давлат бар асоси модаи 78 Қонуни асосӣ метавонад ҳар навъ фармони ҷадидро дар айёми таътилии Шӯрои миллии Афғонистон дар мавриди интихобот ва камиссиюнҳои интихоботӣ содир намояд. Ин назарияи ҳуқуқӣ дар ҳоле ба раиси ҷумҳурии Афғонистон ироа мешавад, ки Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси Шӯрои иҷроии давлати Ваҳдати миллии Афғонистон ахиран эълом кард, тарҳи ислоҳи низоми интихоботӣ ба зудӣ ниҳоӣ ва амалӣ мешавад. Аз дидгоҳи нозирони сиёсӣ айёми таътилии порлумони Афғонистон фурсати муносиберо барои давлати ин кишвар фароҳам кард то бо судури фармони ҷадид аз сӯйи Муҳаммад Ашрафғанӣ, раиси ҷумҳурӣ гиреҳи ислоҳи низоми интихоботиро боз кунад ва давлат битавонад бо таъйини аъзои камиссиюнҳо ва тағйири мавориде аз қонуни интихобот дар ҷиҳати баргузории ҳар чӣ беҳтар ва дақиқтари он гом бардорад. Акнун давлати Ваҳдати миллии Афғонистон аз сӯйи мухолифон ба нотавонӣ дар иҷрои умур ва ҳалли мушкилот ва баргузории интихобот муттаҳам аст. Аммо мақомоти давлатӣ бар ин боваранд, ки ҷиноҳҳои қудрат дар порлумон, ки нигарони тазъиф ва ба хатар афтодани мавқеият худ ҳастанд, ҳамчунон дар баробари ислоҳи низоми интихоботӣ муқовимат мекунанд ва ҳозир ба пазириши фармони раиси ҷумҳурӣ дар ин хусус нестанд ва худ низ то кунун тарҳи мушаххасеро барои пешбурди барномаи ислоҳи низоми интихоботӣ ироа накардаанд.

Дар ҳамин ҳол аз дидгоҳи давлат ва Маҷлиси сенои Афғонистон, порлумон ҳозир ба ҳамкорӣ бо кумитаи муштараки ду маҷлис ҳам нест. Дар ин шароит ин ки оё назари ҳуқуқии Камиссиюни назорат бар қонуни асосии Афғонистон дар мавриди судури фармони ҷадиди раиси ҷумҳурӣ ҷиҳати пешбурди барномаи марбут ба ислоҳи низоми интихоботӣ ва ташкили камиссиюни он гиреҳкушо хоҳад буд ё на, нозирони сиёсӣ ба суръати амали давлат дар иҷрои фармон таъкид доранд ва ин ки давлат битавонад дар айёми таътилии порлумон умури марбут ба интихоботро зуд сомондиҳӣ кунад. Дар ғайри ин сурат порлумони Афғонистон низ аз қудрати лозим барои муқовимат дар баробари давлат бархурдор аст.