Мухолифати ниме аз русҳо бо мамнуияти ҳиҷоб дар мактабҳо
https://parstoday.ir/tg/news/world-i13840-Мухолифати_ниме_аз_русҳо_бо_мамнуияти_ҳиҷоб_дар_мактабҳо
Ниме аз мардуми Русия бо мамнуияти ҳиҷоб дар мактабҳои ин кишвар мухолифанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Феврал 25, 2017 12:24 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати ниме аз русҳо бо мамнуияти ҳиҷоб дар мактабҳо

Ниме аз мардуми Русия бо мамнуияти ҳиҷоб дар мактабҳои ин кишвар мухолифанд.

Ба гузориши сайти дидабони Русия, Маркази мутолеоти афкори умумии Русия дар таҳқиқе бо мавзӯи таҳаммулпазирӣ нисбат ба намодҳои адёни мухталиф ба ин натиҷа расидааст, ки шаҳрвандони Русия нисбат ба намодҳои зоҳирии пайравони адёни мухталиф дар муассисоти омӯзишии ин кишвар таҳаммулпазирии бештаре нисбат ба қабл нишон медиҳанд.

Дар ин таҳқиқот равшан шуда, ки 47 дарсади афрод мухолифате бо ҳиҷоб ё дигар намодҳои пайравони адён дар муассисоти омӯзишӣ надоранд.

Ҷомеашиносон мегӯянд, ки саҳми ҷавонон дар байни ин афрод бештар аз қабл шудаасту онон хостори бардошта шудани мамнуияти ҳиҷоб ҳастанд.

Назарсанҷиҳои телефонӣ, ки рӯзҳои 28 ва 29-и январ байни 1200 шаҳрванди Русия анҷом гирифтааст низ нишон медиҳад, ки ниме аз мардум лағви манъи пӯшиши мӯ барои хонаводааҳои мусулмонро хостор ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки 37 дарсади афрод пурсишшуда низ бар идомаи иҷрои ин қонун таъкид кардаву 13 дарсад ҳам дар ин бора назаре надоштаанд.

Ин таҳқиқот дар пайи он сурат гирифтааст, ки Олга Василева, вазири омӯзишу улуми Федератсиюни Русия дар моҳи январ эълом кард, шогирдони мадориси ин кишвар набояд ба воситаи намодҳои динӣ аз ҳам фарқ гузошта шаванд ва бояд либоси ягонаи мактабӣ ба бар кунанд.

 11-уми феврали соли 2015 Додгоҳи олии Федератсиюни Русия барои пӯшиши шогирдони мактабҳои миёна қонунҳоеро мушаххас кард, ки бар асоси он ҳиҷобу пӯшишҳои динӣ дар мактабҳо мамнӯъ шуд.