Феврал 28, 2017 13:29 Asia/Dushanbe
  • Эҳдои ҷоизаи Саъдӣ ба ходимони забони форсӣ дар Ҳинд

Маросими шашумин давраи эҳдои ҷоизаи Саъдӣ ба посдошти ходимони забон ва адаби форсӣ шомгоҳи душанбе дар Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Деҳлии нав, пойтахти Ҳинд баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон дар ин маросим гуфт, таҷлил аз ходимони забони форсӣ дар Ҳинд бузургдошти ҷойгоҳи адабиёти форсӣ дар ин кишвар аст.

Ҳаддоди Одил бо ишора ба аҳамияти нақши устодони забони форсӣ дар Ҳинд таъкид кард, ҳарчӣ забони форсӣ ривоҷи бештаре дошта бошад, кишварҳои Эрон, Ҳинд, Тоҷикистон ва Афғонистон ба ҳам наздиктар мешаванд.

Раиси Фарҳангистони забон ва адаби форсии Эрон изҳор дошт, бахши бузурге аз андешаҳои забони форсӣ дар муддате наздик ба ҳазор сол дар Ҳинд ба форсӣ навишта шуда ва меросу ҳуввияти фарҳангии Ҳиндро шакл додааст.

Дар шашумин давраи эҳдои ҷоизаи Саъдӣ, аз хадамоти Райҳона Хотун, Қамар Ғаффор ва Сайидаҳсан Аззуфар, аз устодон ва ходимони забони форсии Ҳинд қадрдонӣ ва ҷоизаҳое ба онон эҳдо шуд.