Феврал 28, 2017 17:38 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши баҳои гази содиротии Русия ба Аврупо

Ширкати Газпроми Русия эълом кард, баҳои гази содиротӣ ба Аврупоро афзоиш медиҳад.

Ба гузориши ИТАР ТАСС, Александр Медведев-муовини ширкати Газпроми Русия гуфт, ин кишвар баҳои гази содиротӣ ба Аврупоро имсол, 10 дарсад афзоиш хоҳад дод.

Муовин ширкати Газпром гуфт, миёнгини баҳои гази содиротии Русия ба Аврупо, байни 180- 190 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб хоҳад буд.

Баҳои гази содиротии Русия ба кишварҳои аврупоӣ дар соли 2016 мелодӣ, 167 доллар барои ҳар ҳазор метри мукааб буд, ки ҳанӯз тағйир накардааст.

Муовини ширкати Газпроми Русия афзуд, фурӯши гази Русия ба кишварҳои аврупоӣ дар соли 2016, нисбат ба соли пеш аз он, 12.5 дарсад афзоиш ёфт.

Вай бо ишора ба аҳаммияти Аврупо барои содироти гази Русия, гуфт, Русия 34 дарсади бозори гази Аврупоро дар ихтиёр дорад, ки аз гузашта бештар шудааст.

Русия соли гузашта, 179 миллиарду 300 миллион метримукааб газ ба кишварҳои аврупоӣ содир кардааст.

 

 

Барчасп