Оғози иҷлоси сарони ЭКО ба мизбонии Покистон
(last modified Wed, 01 Mar 2017 06:54:48 GMT )
Март 01, 2017 11:54 Asia/Dushanbe
  • Оғози иҷлоси сарони ЭКО ба мизбонии Покистон

Сездаҳумин иҷлоси сарони Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО имрӯз чаҳоршанбе дар Исломобод пойтахти Покистон оғоз шуд.

Ба гузориши ИРНА, дар иҷлоси Исломобод, Илҳом Алиев раиси Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки раёсати давраии сарони ЭКО-ро бар уҳда дорад, раёсати давраии ин созмонро ба Муҳаммаднавоз Шариф нахуствазири Покистон вогузор хоҳад кард.

Дар ин иҷлос сарони кишварҳои мухталиф, аз ҷумла раисони ҷумҳурии Эрон, Туркия, Тоҷикистон, Туркманистон ва Озарбойҷон, нахуствазирони Покистон ва Қирғизистон, муовинони нахуствазирони Узбакистон ва Қазоқистон, намояндаи Афғонистон ва намояндагоне аз Чин ҳузур доранд.

Ҳасани Рӯҳонӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон қарор аст дар ин иҷлос мавозеъ ва дидгоҳҳои Теҳронро дар ҷамъи сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО ташреҳ кунад.

Бистудувумин нишасти шӯрои вазирони умури хорҷаи Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО низ рӯзи гузашта бо ҳузури Муҳаммадҷаводи Зариф вазири умури хориҷаи Эрон ва раиси давраии шӯрои вазирони ин созмон дар чаҳор соли гузашта, дар Исломободи Покистон баргузор ва раёсати давраи ин шӯро ба Покистон вогузор шуд.

Созмони ҳамкории иқтисодии ЭКО ҳамакунун бо 10 узв, ҳудуди 450 миллион нафар ҷамъият ва ҳудуди ҳашт миллион километри мураббаъ маҷмӯи вусъати кишварҳои узв, аз имконоти нафт, газ, манобеи табиии мухталиф ва саноеи гуногун бархурдор аст.