Оғози бузургтарин иҷтимои сиёсии Чин
Иҷлоси солонаи “конфронси машварати сиёсии халқи Чин” бо ҳузури Ши Ҷинпинг, раиси ҷумҳурии ин кишвар дар миёни тадобири амниятӣ дар пойтахти Чин-Пекин оғоз шуд.
Ба гузориши ИРНА, дар иҷлоси солонаи “Конфронси машварати сиёсии халқи Чин”, ки аз муҳимтарин рӯйдодҳои солонаи сиёсии ин кишвар аст, беш аз ду ҳазору 500 намояндаи Ҳизби коммунист ва мақомҳои баландпоя аз саросари Чин ҳузур доранд.
Дар ин иҷлос намояндагон ва мақомоти аршади Чин баъд аз ройзаниҳои илмӣ, иқтисодӣ, санъатӣ, тиҷорӣ, амниятӣ ва сиёсӣ, пешниҳодҳо ва барномаи худро ба Кунгураи миллии халқи Чин ироа медиҳанд.
Нишасти машварати сиёсии Чин то қабл аз зуҳри рӯзи якшанбе идома дорад ва аз асри якшанбе иҷлоси бузурги солонаи Кунгураи миллии халқ оғоз мешавад.