Хушксолӣ дар Сомалӣ: 110 кушта дар 48 соат
https://parstoday.ir/tg/news/world-i14178-Хушксолӣ_дар_Сомалӣ_110_кушта_дар_48_соат
Ҳасан Алӣ Хайрӣ- нахуствазири Сомалӣ, гуфт, зарфи 48 соат, 110 нафар танҳо дар як минтақаи ин кишвар аз гуруснагӣ, ҷон бохтанд.
(last modified 2025-10-08T08:30:18+00:00 )
Март 05, 2017 14:18 Asia/Dushanbe
  • Хушксолӣ дар Сомалӣ: 110 кушта дар 48 соат

Ҳасан Алӣ Хайрӣ- нахуствазири Сомалӣ, гуфт, зарфи 48 соат, 110 нафар танҳо дар як минтақаи ин кишвар аз гуруснагӣ, ҷон бохтанд.

Ба гузориши ББС, Сомалӣ дастхуши хушксолии шадиде шудааст ва ин аввалин омори расмӣ аз паёмадҳои ин буҳрон аст.

Ҳанӯз омори дақиқе аз паёмадҳои куллии мавҷи хушксолӣ дар Сомалӣ, эълом нашудааст.

Ҳамакнун ҳудуди се миллион нафар дар Сомалӣ бо буҳрони камбуди ғизо рӯ барӯ ҳастанд.

Бархе пойгоҳҳои хабарии дохилии Сомалӣ, низ аз марги даҳҳо нафар дар шаҳраки Awdinle ва минтақаи Bay, бар асари вабо хабар додаанд.

Сешанбеи гузашта, Муҳаммад Абдуллоҳ Муҳаммад, раисиҷумҳури Сомалӣ, мавҷи хушксолии феълиро "фоҷиаи миллӣ" тавсиф кард.

Мавҷи хушксолии ахир дар Сомалӣ аз паёмадҳои падидаи обуҳавои "Эл-Нино " аст, ки шарқ ва ҷануби Африқоро дарнавардидааст.

Дар мавҷи хушксолии қаблӣ, ки аз соли 2010 то 2012 гиребонгири Сомалӣ шуд, ҳудуди 260 ҳазор нафар бар асари гуруснагӣ мурданд.

Сомалӣ ба ҳамроҳи Судони Ҷанубӣ, Нигерия ва Яман чаҳор кишваре ҳастанд, ки аз сӯи Созмони Милали Муттаҳид ба унвони кишварҳои дар маърази буҳрони шадиди гуруснагӣ, дастабандӣ шудаанд.